ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 08.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи ноябри соли 2026 дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво асосан дар ҳудуди меъёри иқлимӣ буда, дар баъзе минтақаҳо аз меъёр 1–2 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ ҳаво нисбатан гарм буда, дар қисми боқимондаи моҳ тадриҷан сардшавии ҳарорат, бориши борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ барф дар назар аст. Дар баъзе рӯзҳо вазиши шамоли шадид ва чангу ғубор пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки пеш аз сардиҳои охири рӯзҳои фасли тирамоҳ ва фасли зимистон андешидани тадбирҳои пешгирикунанда аз ҷониби шаҳрвандон муҳим мебошад.
Кумита ба сокинон тавсия медиҳад, ки дар назди манзилҳои истиқоматӣ, ҳавлиҳо, кӯчаҳо ва заминҳои наздиҳавлигӣ ҷӯйборҳо, заҳбурҳо, новаҳои обпарто ва роҳҳои ҷараёни обро аз партов, лойқа ва баргҳои дарахтон тоза намоянд. Дар ҳолати сари вақт тоза накардани ин иншоот ҳангоми бориши шадид ҷараёни об баста шуда, эҳтимоли ҷамъшавии об, зери об мондани ҳавлиҳо, таҳхонаҳо ва роҳҳо зиёд мегардад.
Бартарафсозии дарахтони хушку хавфнок
Бо назардошти эҳтимоли вазидани шамолҳои шадид зарур аст, ки сокинон дарахтони хушк, пӯсида ва шохаҳои осебдидаро дар назди манзилҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо, беморхонаҳо ва роҳҳои нақлиётӣ аз назар гузаронанд. Шохаҳои хатарнок бо риояи талаботи бехатарӣ бояд бурида шаванд.
Инчунин дарахтони хавфноке, ки эҳтимоли афтодани онҳо дар натиҷаи вазиши шамол вуҷуд дорад, бояд пешакӣ муайян карда шаванд. Ин тадбир метавонад осеб дидани шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт, биноҳои истиқоматӣ ва канда шудани хатҳои интиқоли неруи барқро пешгирӣ намояд.
Омодасозии манзилҳои истиқоматӣ ба фасли зимистон
Яке аз тадбирҳои муҳими омодагӣ ба фасли сармо санҷиши ҳолати техникии манзилҳои истиқоматӣ мебошад. Сокинон бояд боми хонаҳоро аз назар гузаронида, ҷойҳои осебдида, шикаста ва нуқсонҳои мавҷударо таъмир намоянд. Новаҳои обпартои бомро тоза карда, мустаҳкамии қисматҳои осебпазири бино ва ҳолати тирезаю дарҳоро санҷанд.
Дар хонаҳои дорои таҳхона ва дигар иншооти ёрирасон низ бояд барои пешгирии воридшавии об тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Ҳамчунин таҷҳизоти барқӣ, симҳои ноқил ва дигар василаҳое, ки дар фасли сармо истифода мешаванд, бояд аз ҷиҳати техникӣ санҷида шаванд.
Бехатарии истифодаи таҷҳизоти гармидиҳӣ
Бо фаро расидани рӯзҳои сард истифодаи бухорӣ, таҷҳизоти газӣ ва дигар воситаҳои гармидиҳӣ зиёд мегардад. Аз ин рӯ шаҳрвандон бояд пеш аз истифодаи онҳо ҳолати техникиашонро санҷида, дудбаро ва роҳҳои баромади газро тоза намоянд.
Ҳангоми истифодаи бухорӣ аз маводи сӯзишвории барои он пешбинишуда истифода бурда, аз гузоштани ашёи зудоташгиранда дар назди манбаи гармӣ худдорӣ намоянд. Бухориро аз ҳад зиёд пур кардан ва дар ҳолати даргир будани он хона ё манзилро беназорат гузоштан қатъиян хатарнок аст.
Истифодаи таҷҳизоти газӣ ва барқии корношоям ва гарм кардани манзил бо воситаҳои худсохту ғайристандартӣ метавонад боиси сар задани сӯхтор, таркиш ва заҳролудшавӣ аз гази карбон гардад. Аз ин рӯ зарур аст, ки таҷҳизоти гармидиҳӣ танҳо мувофиқи дастурамал истифода шуда, ҳангоми коркарди онҳо қоидаҳои бехатарӣ риоя карда шаванд.
Захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ
Сокинон, махсусан дар минтақаҳои кӯҳӣ ва дурдаст бояд пешакӣ захираи кофии маводи ғизоӣ, оби нӯшокӣ, дорувории зарурӣ, сару либоси гарм ва воситаҳои равшанидиҳии эҳтиётиро таъмин намоянд.
Дар хонаҳое, ки аз бухорӣ истифода мебаранд, захираи ангишт, ҳезум ва дигар маводи сӯзишворӣ бояд дар ҷойи мувофиқ ва бехатар нигоҳ дошта шавад. Ҳамзамон зарур аст, ки маводи сӯзишворӣ аз манбаъҳои оташ дур нигоҳ дошта шуда, талаботи бехатарии зиддисӯхтор риоя гардад.
Омодагии воситаҳои нақлиёт ба мавсими зимистон
Бо паст шудани ҳарорати ҳаво эҳтимоли яхбандии роҳҳо, кам шудани сатҳи намоёнӣ дар натиҷаи туман ва бориши барф зиёд мегардад. Аз ин рӯ ронандагон бояд воситаҳои нақлиёти худро пешакӣ ба мавсими зимистон омода намоянд. Пеш аз ҳама, ҳолати техникии автомобил, низоми тормоз, чароғҳои рӯшноидиҳанда, чӯткаи шишатозакунии мошин, аккумулятор ва чархҳоро санҷида, аз чархҳои зимистонаи мувофиқ истифода баранд. Ҳангоми сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ доштани занҷирҳои зиддилағжиш, асбобҳои эҳтиётӣ, либоси гарм ва дигар лавозимоти зарурӣ муҳим мебошад.
Дар рӯзҳои бориши шадиди барф, туман ва яхбандӣ ронандагон бояд суръати ҳаракатро паст намуда, масофаи байни воситаҳои нақлиётро нигоҳ доранд ва аз сафарҳои нозарур ба самти ағбаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд. Пеш аз сафар аз вазъи роҳҳо ва пешгӯии обу ҳаво огоҳ шудан низ зарур аст.
Хатари тармафароӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ
Бо назардошти он ки дар моҳи ноябр дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати ҳаво ва бориши барф пешгӯӣ мешавад, эҳтимоли ба вуҷуд омадани тарма ва дигар зуҳуроти хатарноки табиӣ низ вуҷуд дорад.
Сокинони минтақаҳои кӯҳӣ, ронандагон ва сайёҳон бояд ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо ба вазъи обу ҳаво таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Дар ҳолати эълони хатари тармафароӣ аз ҳаракат дар қитъаҳои хатарнок худдорӣ карда, ба нишонаҳои эҳтимолии фаромадани тарма ва сангрезӣ аҳамият диҳанд.
Ҳангоми бориши шадиди барф аз сафарҳои нозарур ба минтақаҳои дурдаст худдорӣ намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ танҳо баъди огоҳӣ аз вазъи роҳ ва иҷозати мақомоти дахлдор ҳаракат намоянд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ шаҳрвандонро даъват менамояд, ки ба масъалаи омодагӣ ба фасли зимистон бетараф набошанд, тавсияҳои мақомоти дахлдорро риоя намуда, дар мавриди мушоҳида кардани ҳолатҳои хатарнок фавран ба сохторҳои дахлдор хабар диҳанд. Зеро пешгирии саривақтӣ, омодагии ҳамаҷониба ва масъулияти ҳар шаҳрванд омили муҳими ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки мардум дар фасли зимистон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандон метавонанд ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ба рақами 112 муроҷиат намоянд.
Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»