Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар шаҳри Душанбе борон меборад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар баъзе ҳолатҳо борон борида, дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5+10 дараҷа ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борон дар назар аст. Дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8+10 дараҷа ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.