Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоти муовини якуми сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Нориён бо директори генералии ширкати «InSpace»-и Корея Мёнҷин Чой баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқа хабар доданд.
Дар мулоқот, аз ҷумла ташкили инфрасохтори қабулу коркард ва таҳлили маълумоти моҳворавӣ, истифодаи технологияҳои муосир барои мониторинги пиряхҳо, захираҳои обӣ, заминҳои кишоварзӣ ва пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкории минбаъдаро дар самти рушди технологияҳои моҳворавӣ, мубодилаи таҷриба, омодасозии мутахассисон ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон