Дар Душанбе мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян баргузор гардид

АМИТ "Ховар" · · g1221874

Дар Душанбе мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян ба…

ДУШАНБЕ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.

Дар ҷаласаи васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар Қоҳир Расулзода зикр кард, ки бо шарофати иродаи сиёсӣ ва талошҳои сарони давлатҳо, муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сатҳи баланд қарор доранд.

«Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки моҳи майи соли ҷорӣ сурат гирифт, саҳифаҳои наверо дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои мо боз кард. Пас аз мулоқот ва музокироти сатҳи олӣ, беш аз 30 созишномаи нав дар соҳаҳои гуногун ба имзо расид. Сарони давлатҳо Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ дар даврони навва Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо карданд. Умедворам, ки ин ҳуҷҷатҳо минбаъд низ заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои рушд муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории ҳамаҷониба миёни ду кишвар тақвият хоҳанд дод», — гуфт Сарвазири кишвар.

Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян иброз дошт, ки Чин тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегиро бо Тоҷикистон дастгирӣ мекунад.

«Муносибатҳои мо аз озмоиши таърих гузаштанд ва мо омодаем, ки эътимоди мутақобиларо тақвият ва ин анъанаи некро аз насл ба насл интиқол диҳем», — илова кард Ли Сян.

Зикр шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ барои тавсеаи минбаъдаи шарикии стратегӣ байни кишварҳо афзалиятнок боқӣ мемонад.

Зимнан, баҳри тақвият бахшидани иқтидори содиротии кишвар, васеъ кардани номгӯи маҳсулот ва афзоиши ҳаҷми молҳои интиқолшаванда ба Чин зарур шумурда шуд. Инчунин, имзои протоколҳои нав барои васеъ кардани рӯйхати маҳсулоти содиротӣ ва осон намудани дастрасии истеҳсолкунандагони тоҷик ба бозори Чин муҳим арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва коркарди ашёи хомро аз самтҳои афзалиятнок хонда, пешниҳод карданд, ки дар самти нассоҷӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак барои коркарди пахта ва то ба маҳсулоти тайёр расонади он тадбирҳои судманд андешида шаванд. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва коркард бошад, ба манфиати ҷонибҳо унвон шуд.

Инчунин, ҷонибҳо ба густариши робитаҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори сайёҳии ҷумҳурии мо ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Пас аз анҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ, Ёддошти ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти тиҷорати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти давлатии танзими бозори Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллии назорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, Созишнома дар соҳаи рушд миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Созишнома дар бораи таъсиси Институти Конфутсий байни Донишгоҳи давлатии Данғара, Бунёди байналмилалии таълими забони чинӣ ва Донишгоҳи омӯзгории Шэнян ба имзо расиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари расмӣ Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 20 октябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок хоҳад кард.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"