РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон беҳтар намудани инфрасохтори хизматрасонӣ ба меҳмонони дохилию хориҷӣ яке аз самтҳои муҳими соҳа ба шумор меравад. Дар ин раванд
ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон беҳтар намудани инфрасохтори хизматрасонӣ ба меҳмонони дохилию хориҷӣ яке аз самтҳои муҳими соҳа ба шумор меравад. Дар ин раванд фароҳам овардани шароити мусоиди иқомат дар назди мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ барои ҷалби бештари сайёҳон аҳамияти хос дорад. Дар баробари меҳмонхонаҳо имрӯз хостелҳо ва мотелҳо низ ҳамчун шаклҳои нисбатан дастрас ва мувофиқи ҷойгиркунии сайёҳон аҳамияти бештар пайдо мекунанд.
— Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар мамлакат 53 хостел (хонаист) ва мотел барои ҷойгиркунии сайёҳони дохилию хориҷӣ фаъолият мекунанд. Хостел (хонаист) ва мотел ҳар ду барои ҷойгиркунии муваққатии меҳмонон пешбинӣ шуда, аммо аз ҳамдигар фарқ доранд.
Масалан, хостел (хонаист) одатан муассисаи ҷойгиркунии сайёҳон мебошад, ки хизматрасонии нисбатан дастрас пешниҳод мекунад. Дар он вобаста ба тарзи фаъолият меҳмонон метавонанд дар ҳуҷраҳои умумӣ ё ҳуҷраҳои алоҳида ҷойгир шаванд. Хостелҳо бештар барои ҷавонон, донишҷӯён, сайёҳони инфиродӣ ва нафароне, ки бо хароҷоти нисбатан кам сафар мекунанд, мувофиқ мебошанд. Яке аз хусусияти хостелҳо муҳити иҷтимоӣ ва имкони муоширати меҳмонон бо якдигар мебошад.
Тибқи сарчашмаҳои иттилоотӣ, арзиши ҷойи хоб дар хостел одатан нисбат ба меҳмонхона пасттар мебошад. Аз ин рӯ, чунин шакли ҷойгиршавӣ бештар барои сайёҳоне мувофиқ аст, ки мехоҳанд хароҷоти сафарро кам намуда, маблағи бештарро барои тамошои мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, нақлиёт ва дигар хизматрасониҳо истифода баранд.
Яке аз хусусияти хостелҳо муҳити дӯстона ва имкони муошират бо дигар меҳмонон мебошад. Дар минтақаҳои умумии истироҳатӣ сайёҳон метавонанд бо одамони гуногун шинос шуда, таҷрибаи сафари худро мубодила кунанд. Дар баъзе хостелҳо шомгоҳон меҳмонон дар ҷойҳои умумӣ ҷамъ омада, бозиҳои рӯимизӣ бозӣ мекунанд, китоб мехонанд ё суҳбатҳои дӯстона баргузор менамоянд.
Барои давлатҳое, ки мехоҳанд сайёҳии дохилӣ ва хориҷиро рушд диҳанд, мавҷудияти шаклҳои гуногуни ҷойгиркунии сайёҳон, аз ҷумла хостелҳо, мотелҳо ва дигар муассисаҳои хизматрасонӣ аҳамияти муҳим дорад. Тоҷикистон низ бо назардошти имконоти бузурги сайёҳӣ барои рушди чунин инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои сайёҳон тадбирҳои судманд меандешад.
Масалан, дар назди Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дар баробари ҳифзу муаррифии мероси таърихӣ барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ тадбирҳои муассир андешида шудаанд. Дар ҳудуди маҷмаа баробари растаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ хостел — меҳмонхона бо номи «Қалъаи Хуҷанд» фаъолият мекунад. Он барои қабули меҳмонони дохилию хориҷӣ пешбинӣ гардида, пас аз тамошои мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии маҷмаа ба онҳо имкони истироҳати бароҳатро фароҳам меорад.
Хостел дорои 32 ҷойи хоб буда, бо тамоми шароити муосири хизматрасонӣ таъмин аст. Ҷойгиршавии хостел дар ҳудуди маҷмааи таърихию фарҳангӣ ба сайёҳон имконият медиҳад, ки бе сарфи вақти зиёд аз ёдгориҳои нодири таърихӣ, осорхона, растаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дигар мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ дидан карда, бо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои қадимии мардуми тоҷик аз наздик шинос шаванд.
Мотел меҳмонхонаи канори роҳ буда, асосан барои истироҳати кӯтоҳмуддати сайёҳоне пешбинӣ мешавад, ки бо автомобил сафар мекунанд. Чунин меҳмонхонаҳо одатан маҷмуи маҳдуди хизматрасониҳоро пешниҳод менамоянд, ки пеш аз ҳама, ҷойи хоб ва имкони истифода аз хизматрасонии хӯроквориро дар бар мегирад.
Мотелҳо бори аввал дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пайдо шудаанд. Дар асри XX шумораи соҳибони автомобил ба таври назаррас афзоиш ёфт. Дар натиҷа зарурати таъсиси ҷойҳои махсус барои таваққуф ва истироҳати сайёҳони автомобилӣ ба миён омад.
Худи мафҳуми «мотел» аз ибораи англисии «motor hotel» гирифта шудааст, ки маънояш «меҳмонхонаи автомобилӣ» мебошад. Мотелҳо одатан барои будубоши кӯтоҳмуддат, бахусус як шаб истифода мешаванд. Сайёҳоне, ки масофаҳои дурро бо автомобил тай мекунанд, метавонанд дар чунин ҷойҳо таваққуф намуда, истироҳат кунанд ва сафари худро идома диҳанд. Аз ҷиҳати сохтори бино низ мотелҳо аз меҳмонхонаҳои маъмулӣ фарқ мекунанд. Одатан онҳо биноҳои як ё дуошёна буда, дар назди онҳо таваққуфгоҳи калон мавҷуд аст.
Меҳмонхонаҳо бештар дар маркази шаҳрҳо, минтақаҳои сайёҳӣ ва назди фурудгоҳҳо ҷойгир шуда, доираи васеи хизматрасониҳоро пешниҳод мекунанд. Мотелҳо асосан дар канори роҳҳо ҷойгир буда, барои истироҳати кӯтоҳмуддати сайёҳони автомобилӣ пешбинӣ мешаванд.
Мотелҳо аз ибтидо ҳамчун шакли нисбатан арзони ҷойгиркунии сайёҳон ташаккул ёфтаанд. Дар солҳои 1960-ум дар Иёлоти Муттаҳида як шабонарӯз будубош дар баъзе мотелҳои канори роҳ тақрибан 6–8 доллар арзиш дошт. Барои кишварҳое, ки дорои роҳҳои байнишаҳрӣ, масирҳои кӯҳӣ ва мавзеъҳои зиёди сайёҳӣ мебошанд, рушди мотелҳо метавонад аҳамияти махсус дошта бошад.
Тоҷикистон низ дорои имконияти васеи рушди сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва автомобилӣ мебошад. Масирҳои Душанбе–Хуҷанд, Душанбе–Хоруғ, Душанбе–Кӯлоб ва дигар самтҳои байнишаҳрӣ сайёҳонро бо минтақаҳои гуногуни мамлакат мепайванданд. Дар чунин шароит мавҷудияти ҷойҳои муносиб барои таваққуф ва истироҳат метавонад шароити сафарро беҳтар намояд.
Рушди мотелҳо дар назди роҳҳои асосӣ метавонад ба ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, фароҳам овардани ҷойи нави кор, рушди хизматрасонии хӯрокворӣ ва дастгирии соҳибкории маҳаллӣ мусоидат намояд. Мавҷудияти чунин инфрасохтор метавонад имконоти ҷойгиркунии сайёҳонро васеъ намуда, барои рушди инфрасохтори сайёҳии мамлакат замина фароҳам оварад.
Тибқи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», рушди инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳа аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошанд. Дар ин раванд хостелу мотелҳо метавонанд ҳамчун ҷузъи инфрасохтори ҷойгиркунии сайёҳон мавқеъ пайдо намоянд.
Тоҷикистон дорои имконоти васеи рушди сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ, таърихию фарҳангӣ ва дигар намудҳои сайёҳӣ мебошад. Барои истифодаи самараноки ин имконот на танҳо мавҷудияти мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ, балки рушди инфрасохтори муосир низ муҳим аст.
Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз