Ба Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ озмоишгоҳи муосири сайёр барои санҷиши фаврии сифати об тақдим гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳи муосири сайёр барои санҷиши фаврии сифати об тақдим гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Озмоишгоҳи муосири сайёр дар доираи «Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон», ки бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мегардад, супорида шуд.
Гуфта шуд, ки татбиқи қисмати якуми «Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон»-ро Гурӯҳи дохилиидоравии обтаъминкунӣ ва беҳдошти назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда дорад.
Озмоишгоҳи сайёр бо таҷҳизоти муосир барои гузаронидани таҳлилҳои физикӣ, кимиёвӣ ва микробиологии об муҷаҳҳаз буда, ба мутахассисон имкон медиҳад, ки сифати обро бевосита дар маҳалҳо, аз ҷумла дар минтақаҳои дурдаст санҷанд.
Бартарии асосии он имкони анҷом додани санҷишҳо дар шароити саҳроӣ буда, зарурати интиқоли намунаҳои об ба озмоишгоҳҳои марказӣ коҳиш ёфта, муҳлати дастрас намудани натиҷаҳои таҳлил кӯтоҳ гардид.
Истифодаи озмоишгоҳи сайёр ба тақвияти мониторинги сифати оби нӯшокӣ, ошкор намудани номувофиқатӣ ба меъёрҳои муқарраргардида ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ мусоидат мекунад. Бояд тазаккур дод, ки таъминоти аҳолӣ бо оби босифату бехатари нӯшокӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тақвияти имконияти техникии назорати сифати об қадами муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои обтаъминкунӣ мебошад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон