Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 30 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Далватҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории мақомоти гумрук, ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза бо қонуншиканиҳо дар соҳаи гумрук баррасӣ гарданд.

Ҳамзамон иштирокдорони ҷаласа Осорхонаи миллии Тоҷикистон, маҷмааи «Истиқлол», Қалъаи Ҳисор, ангурзорҳои шаҳри Турсунзода ва мавзеъҳои зебоманзари ноҳияи Варзобро тамошо менамоянд.

Баргузории ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе барои густариши ҳамкории байналмилалӣ, табодули таҷриба ва тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ замина фароҳам меорад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"