Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Ҳайдар Алиев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/.  14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Ҳайдар Алиев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Озарбойҷон Шаҳин Мустафаев ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта буд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок хоҳанд кард.

Источник: АМИТ "Ховар"