Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар

ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Муколама ба масъалаҳои робитаи иқтисоди даврӣ бо иқлим ва сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва соҳибкории инноватсионӣ бахшида шуд. Дар он намояндагони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, мақомоти давлатӣ, Иттиҳоди Аврупо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва ҷомеаи коршиносон иштирок намуданд.

Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо SWITCH-Asia ва бо дастгирии Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) баргузор гардид.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода иброз намуд, ки иқтисоди даврӣ имрӯз аз доираи масъалаҳои экологӣ ва идоракунии партовҳо берун рафта, ба яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ, навсозии саноат, баланд бардоштани рақобатпазирӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таъмини устувории иқлимӣ табдил ёфтааст.

Дар ҷараёни ҷаласаҳои корӣ вакилони парламентҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон масъалаҳои такмили қонунгузорӣ дар соҳаи иқтисоди даврӣ, ҷанбаҳои иқлимӣ ва сармоягузорӣ, нақши соҳибкорӣ дар татбиқи принсипҳои иқтисоди даврӣ, инчунин роҳҳои густариши ҳамкории байнипарлумониро баррасӣ намуданд.

Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Амирзода оид ба корҳои анҷомдода дар самти таҳия ва қабули Кодекси экологӣ, рушди низоми идоракунии партовҳо ва ворид намудани нишондиҳандаҳои мушаххаси иқтисоди даврӣ ба “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030” маълумот пешниҳод намуд.

Гуфта шуд, ки “мо тадриҷан аз муҳокимаи принсипҳои иқтисоди даврӣ ба ташаккули қоидаҳои татбиқи амалии он мегузарем. Барои Тоҷикистон қадами навбатӣ бояд пайвастани ин унсурҳо ба занҷири ягона бошад: қонунгузорӣ — қарорҳои даврӣ — таъсири иқлимӣ — сармоягузорӣ”.

Иштирокчиён аҳаммияти рушди минбаъдаи Платформаи парламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ, табодули таҷрибаи қонунгузорӣ ва таҳкими ҳамкории парламентҳо бо мақомоти давлатӣ, бахши соҳибкорӣ, муассисаҳои молиявӣ ва шарикони байналмилалиро дар самти пешбурди иқтисоди даврӣ ва истифодаи самараноки захираҳо таъкид намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"