Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳдошти вазъи санитарӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд . Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҳашарҳои экологӣ сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар корҳои тозагию ободонӣ иштирок намуда, кӯчаву роҳҳо, атрофи биноҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро аз партовҳо тоза карданд. Чунин ташаббусҳо барои беҳтар намудани вазъи экологӣ, ободонии маҳалли зист ва ҷалби аҳолӣ ба ҳифзи муҳити зист аҳаммияти муҳим доранд.

Чанде қабл дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ ва қабул гардид. Баргузории чунин чорабиниҳои экологӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат ба татбиқи ин барнома марбут аст.

Мақсад аз таҳия ва қабули барномаи мазкур баланд бардоштани сатҳи саводнокии экологии табақаҳои аҳолӣ, ташаккули арзишҳои устувори экологӣ ва малакаҳои рафтори бомасъулият дар замири шаҳрвандон, ҷалби ҷавонон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва корхонаҳо барои иштироки фаъолона дар татбиқи ташаббусҳои экологӣ ва тақвияти корҳои маърифатӣ мебошад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"