Ноҳияи Данғара нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар рӯзи нахустин пурра иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар рӯзи нахустин пурра иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара иттилоъ доданд.

Иҷро гардидани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз хештаншиносӣ, масъулиятшиносӣ  ва муқаддас доштани хоки ин сарзамин аз ҷониби ҷавонони ноҳияи Данғара дарак медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар саросари ҷумҳурӣ маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид, ки то охири моҳи ноябр идома меёбад. Масъулини мақомоти давлатии вобаста ба даъват дар якҷоягӣ бо кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ барои дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ тадбирҳои зарурӣ андешидаанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии имсола шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб  мегарданд. Даъвати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар 1 сол ду маротиба: аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр анҷом дода мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Источник: АМИТ "Ховар"