Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншоотро дар ноҳияи Фархор ифтитоҳ намуданд

АМИТ "Ховар" ·

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншоотро дар ноҳияи Фархор ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор, 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншооти таъиноташон гуногунро ифтитоҳ намуда

ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор, 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншооти таъиноташон гуногунро ифтитоҳ намуда бо лоиҳаи навсозии роҳи Гулистон – Фархор шинос шуданд.

Иншооти нахустине, ки дар ин ноҳия ба таври фосилавӣ кушода шуд, бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Фархор дар деҳаи Ориён мебошад.

Ин иншооти муҳими маъмурӣ шароити мусоиди кориро барои кормандони ҷамоат ва хизматрасонии босифат ба сокинони маҳаллӣ фароҳам меорад. Бинои мазкур бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шуда, дорои шароити зарурӣ мебошад.

Иншооти дигар бинои маъмурии Маркази бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Фархор аст, ки ба таври фосилавӣ кушода шуд. Ин иншооти муҳими соҳавӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти озуқавории кишвар ва баланд бардоштани сифати назорати маҳсулоти кишоварзию хӯрокворӣ бунёд шудааст. Бинои нав аз ҳуҷраҳои кории барҳаво ва озмоишгоҳҳои муосир иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти пешрафтаи соҳавӣ ва технологияҳои муосири назоратӣ таъмин карда шудааст.

Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-ро дар деҳаи Дӯстии деҳоти Фархор ба истифода доданд. Бинои иловагии таълимӣ барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, мушкилоти норасоии ҷойи нишастро дар муассиса аз байн мебарад. Дар иншооти нав шароит мутобиқ ба талаботи замон оварда шудааст.

Иншооти дигари соҳаи маориф, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд, бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48 дар деҳаи Муродбахши деҳоти Истиқлол мебошад.

Дар ин бинои таълимӣ метавонанд 384 хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шаванд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагии муассисаи таълимӣ хонандагон таҳсилро дар шароити замонавӣ идома хоҳанд дод.

Дар идома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори варзишӣ, майдончаи варзишии болопӯшида ва маҷлисгоҳро дар деҳаи Бобосафоли деҳоти Гулшан тариқи фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти нав дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба ҷалби таваҷҷуҳи сокинон, бахусус ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим мусоидат хоҳад кард.

Ду маркази саломатӣ низ дар деҳаҳои Хуросон ва Дарқади ноҳияи Фархор аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд. Иншооти соҳаи тандурустӣ дар деҳаҳо дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳот заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ин марказҳои саломатӣ барои қабули беморон, гузаронидани муоинаи тиббӣ, ташхиси ибтидоӣ, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ва иҷрои дигар корҳои зарурӣ пешбинӣ гардидаанд.

Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Гулистон-Фархор, ки 29,6 километр дарозӣ ва 12 метр паҳноӣ дорад, шинос шуданд. Нақши ин роҳ дар рушди боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ ва пешрафти сайёҳӣ басо муҳим арзёбӣ гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани лоиҳа вазифадор намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 109 километр роҳҳои мумфаршгардидаи байни деҳаҳои ноҳияи Фархорро, ки аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони боҳиммату ватандӯсти ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мумфарш гардидаанд, мавриди истифода қарор доданд. Сокинон бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои ободониву созандагии ноҳия саҳмгузорӣ намуда, роҳҳои байни деҳаҳоро мумфарш намудаанд.

Иншооте, ки дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва дар маҷмуъ ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия замина хоҳанд гузошт.

Источник: АМИТ "Ховар"