Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) Акрам Каримӣ дар якумин нишасти дастҷамъонаи
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) Акрам Каримӣ дар якумин нишасти дастҷамъонаи дабири кулли тозаинтихоби Созмони ҳамкории исломӣ Исмоил валад Шайх Аҳмад бо намояндагони доимии кишварҳои аъзо дар назди СҲИ иштирок кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд, зимни ҳамоиш Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ нақшаи фаъолияти худро дар мудирияти созмон барои солҳои оянда муаррифӣ намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ