Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ашхобод мулоқоти директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмад Аҳмадзода бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон оид ба нафту газ Гуванч Агаҷанов баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкории ду мамлакатро дар соҳаи нафту газ баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс ва намоишгоҳи XXXI байналмилалии «Нафт ва гази Туркманистон – 2026» дар Ашхобод ишитрок намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон