Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии кории вазирони
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии кории вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид табодули афкор анҷом доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин рӯзномаи иҷлосияи дарпешистодаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва раванди омодагӣ ба онро баррасӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон