Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром дар мавриди қабули санади сарнавиштсоз ҳамчун заминаи асосии давлатдории навини тоҷикон ва сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки боиси некуаҳволии мардум, ҳамчунин пазируфта шудани ҷойгоҳи сазовори кишвар дар арсаи байналмилалӣ гардидааст, сухан гуфт.

Дар чорабинии тантанавӣ ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон роҷеъ ба аҳаммияти ин санади тақдирсоз андешаронӣ карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

Источник: АМИТ "Ховар"