Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 32 сол муқаддам тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Бо қабули ин санади муҳим дар таърихи 6 ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон роҳи нави рушдро интихоб намуд, ки он бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ин нукта дар ҳамоише, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия-кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор» ба ифтихори 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, гуфта шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш ҳуқуқшиносон ва муаррихон дар мавзуъҳои «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати конститутсионӣ, нақши конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ», «Конститутсия ва фарҳанги ҳуқуқи ниёгон», «Таҳаввулоти Конститутсия дар Тоҷикистон: нигоҳи сиёсӣ-таърихӣ», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули давлати ҳуқуқбунёд», «Мавқеи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ» ва «Нақши конститутсия дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм» маърузаи илмӣ намуданд.
Ин санади олии ҳуқуқӣ, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, пойдевори устувори давлатдории миллиро гузошт. Он ҳамчунин Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун субъект ва давлати мустақил муаррифӣ намуда, рушди устувори ҳаёти сиёсиву ҳуқуқиро таъмин намуд.
Дар анҷом иштирокдорони ҳамоиш толорҳои намоишии Осорхонаи миллиро тамошо намуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон