Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳои марбут ба мулоқоти вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вазирони корҳои дохилии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳои марбут ба мулоқоти вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вазирони корҳои дохилии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуда, бо таъриху тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Меҳмонон экспозитсияи Осорхонаи миллиро тамошо карда, бо намунаҳои муҳимми мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик ва таърихи чандинҳазорсолаи мамлакат шинос гардиданд.
Сайри осорхонавӣ барои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи барномаи будубоши ҳайатҳои иштирокдори чорабинӣ дар Тоҷикистон доир гардида, ба шиносоии меҳмонони хориҷӣ бо таъриху фарҳанг ва мероси миллии тоҷикон мусоидат намуд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон