САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз, 11 ноябр Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия эълон гардидааст. Тасиси ин сана гувоҳи он аст, ки истифодаи самараноки неруи барқ дар ҳама зинаҳо — аз нуқтаи истеҳсол то нуқтаи охирини истифода муҳим мебошад. Он ба ғанӣ гардидани буҷети хонаводаҳо мусоидат намуда, захираҳои энергетикӣ низ дар мамлакат сарфа карда мешаванд. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Имрӯзҳо дар Тоҷикистон бо афзоиш ёфтани шумораи аҳолӣ ва бунёди садҳо биноҳои маъмурию истиқоматӣ талабот ба неруи барқ низ зиёд мешавад. Кормандони соҳаи энергетика шабу рӯз ва дар гармою сармо машғули меҳнат ҳастанд, тамоми неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ беист барқ истеҳсол менамоянд, то хонаву кошонаи сокинон гарму равшан бошад.
Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки аксар вақт мо, сокинон заҳматҳои онҳоро нодида гирифта, сарфакорона истифода бурдани неруи барқро фаромӯш мекунем. Боре тасаввур кардаем, ки ин неруи бесадову бебӯю беранг ва ба ҳама дастрас бо чӣ душвориҳо тавлид меёбаду то замони ба хонаву корхонаи мо интиқол ёфтанаш кадом масофа ва чӣ монеаҳоро пушти сар менамояд? Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ маънои маҳдуд кардани истифодаи онро надорад. Ба хотири сарфа набояд чойро ноҷӯшида нӯшид, ғизои нопухта хӯрд ва ё дар торикӣ нишаст, танҳо одам бояд неруи барқро ба қадри зарурат ва сарфакорона истифода намояд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол нафароне ҳастанд, ки нисбат ба истифодаи неруи барқ бепарвоӣ зоҳир менамоянд.
Имрӯз аз воситаҳои электрикии фаровон истифода мебарем, аммо дар лаҳзаҳои нодаркор будан хомӯш кардани онҳоро фаромӯш мекунем. Фаромӯш набояд кард, ки асбоби электрикӣ дар реҷаи интизорӣ ҳам энергия истеъмол мекунад. Фурӯзонак ва дастгоҳҳои техникиро сари вақт пурра хомӯш бояд кард, таҷҳизоти барқӣ, ҳатто қувватдиҳандаи телефонҳои мобилиро дар ҳолати «интизорӣ» фаъол набояд гузошт.
Сарфаи неруи барқ масъулияти ахлоқии ҳар як шаҳрванд маҳсуб мешавад
Сарфаи неруи барқ танҳо вазифаи давлатӣ нест, балки масъулияти ахлоқии ҳар як шаҳрванди мамлакат ба шумор меравад. Бо тадбирҳои сода, аз қабили истифодаи лампаҳои каммасраф, хомӯш кардани чароғҳо ва таҷҳизоти барқӣ дар ҳолати истифода нашудан, ҳар як шахс метавонад дар коҳиши хароҷоти энергетикӣ саҳм гузорад. Ҳамзамон, ин амал боиси сарфаи буҷаи оилавӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум мегардад.
Ҳукумати мамлакат дар ин самт низ тадбирҳои зиёдеро рӯи даст гирифтааст, аз ҷумла ҷорӣ намудани низоми биллингии ягона, ки ба шаффофият ва назорати истифодаи неруи барқ мусоидат мекунад, дастгирии технологияҳои сабз, аз ҷумла истифодаи энергияи офтобӣ ва дигар манбаъҳои барқароршаванда, таҳкими Агентии назорати энергетикӣ, ки вазифаи асосии он пешгирии талафот ва назорати истифодаи дурусти қувваи барқ мебошад.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, «сокинон бояд истифодаи сарфакоронаи неруи барқро, хусусан дар давраи тирамоҳу зимистон хуб дарк намоянд. Агар ҳар шаҳрванд неруи барқро сарфакорона истифода барад, дар обанборҳо ҳаҷми зарурии об захира гардида, шаҳрвандон фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар менамоянд».
«Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд. Бояд ҳар оила, ташкилоту муассиса ва корхонаву коргоҳ, сарфи назар аз шакли моликият низоми истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намояд»,-таъкид намуданд Сарвари давлат.
Дар фасли зимистон талабот ба барқ меафзояд
Мутахассисони соҳаи энергетикаи мамлакат бар он назаранд, ки бо татбиқи усулҳои одии сарфаи энергия дар мавсими сармо ва гармо метавон хароҷот барои гарм ё сард кардани хонаҳои истиқоматию утоқҳои корӣ ва хобгоҳҳоро хеле кам кард. Махсусан, дар фасли зимистон хароҷот барои гарм кардани биною иншоот, новобаста аз шакли фаъолият ва манзилҳои истиқоматию утоқҳои корӣ хеле зиёд мегардад.
Босарфаю сариштакорона истифода кардани энергия аз роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо ва сардорону аъзои оилаҳо дар амал татбиқ кардани якчанд тадбирро тақозо менамояд. Агар ҳар шахс дар самти босарфаю сариштакорона истифода намудани неруи барқ тасаввуроти кофӣ дошта бошад ва тибқи он амал намояд, вазъи молиявию иҷтимоияш беҳтар гардида, захираҳои энергетикӣ низ дар мамлакат сарфа карда мешаванд.
Зимни сохтмони биноҳо, иншоот ва хонаҳо бояд талаботи муосири сохтмонӣ дар самти сарфаи энергия пешбинӣ карда шавад, зеро биною иншоот ва хонаҳои бо назардошти сарфаи энергия сохташаванда хароҷоти оилаҳоро аз 2 то 10 баробар кам менамоянд. Дар раванди истеҳсоли энергияи барқ маблағҳои ниҳоят зиёд сарф шуда, дар ин соҳа шумораи зиёди кормандон фаъолият доранд. Солҳои охир аз ҳисоби пайвастшавиҳои нав, ба монанди биноҳои баландошёнаи истиқоматию корхонаҳои шакли фаъолияташон гуногун истифодаи энергияи барқ дар ҷумҳурӣ афзоиш меёбад. Исрофкорона истифода кардани барқ аз тарафи мардум, хусусан дар фасли зимистон дар низоми энергетикӣ сарборӣ эҷод мекунад, ки ин боиси садамаҳои зиёд мегардад.
Ҳар садама дар низоми энергетикӣ муҳлати таҷҳизоти барқӣ ё муҳлати истифодаи онҳоро кӯтоҳ менамояд. То барқарор кардани садамаҳо истифодабарандагон дар мавсими сармо бе барқ монда, зарари назарраси иҷтимоӣ мебинанд. Инчунин барои ивазу барқарор кардани таҷҳизот низоми энергетикӣ бояд маблағҳои зиёд хароҷот намояд. Аз ин рӯ, шаҳрвандон бояд барои бо барқ таъмин намудани биною хона ноқилҳоро дуруст интихоб кунанд ва аз истифодаи ноқилҳои буриши кундалангиашон хурд даст кашанд.
Таҷҳизоти кӯҳнаро тадриҷан бо дастгоҳҳои нав иваз бояд кард
Ғайриқонунӣ, бе иҷозат ва бе шартнома истифода кардани неруи барқ мумкин нест. Берун аз ҳисобгираки барқӣ низ истифода кардани барқ қатъиян манъ буда, таҷҳизоти кӯҳнаро тадриҷан бо дастгоҳҳои нав бояд иваз намуд. Телевизорҳо ва чангкашакҳо, яхдонҳо ва мошинҳои либосшӯйию табақшӯйӣ аз рӯи стандартҳои имрӯзаи сарфаи энергия хеле муфид ҳастанд.
Ба ҷои фурӯзонакҳои тафсон — чароғакҳои светодиодӣ
Ҳама асбоби барқии маишӣ ба синфҳои самаранокии энергия тақсим карда шудаанд. Дараҷаи баландтарини самаранокии энергетикӣ бо ҳарфи лотинии A, пасттарин — G ишора карда мешавад, ки дар шиноснома ва ё маълумотномаи корхонаи истеҳсолкунанда нишон дода шудааст. Инчунин ба ҷои фурӯзонакҳои тафсон чароғакҳои светодиодӣ бояд истифода намуд, зеро як чароғи 20-ваттаи светодиодӣ баробар ба як фурӯзонаки 100-ватта рӯшноӣ медиҳад. Яъне, он неруи барқро 5 маротиба камтар истифода менамояд. Бо назардошти он ки истифодаи неруи барқ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт рӯз ба рӯз меафзояд, бояд ба самаранок ва мақсаднок истифода бурдани он аҳамияти ҷиддӣ диҳем.
Иловаҳо ба қонунгузории Тоҷикистон дар самти танзими истифодаи барқ
Дар самти танзими истифодаи неруи барқ моҳи апрели соли 2025 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо ворид намуд.
Тибқи он, барои истифодаи неруи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи неруи барқ ва гармӣ бе асбоби зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти неруи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани тамғаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи неруи барқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷаримаи маъмурӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда мешавад. Инчунин барои содир намудани ин ҷиноят ба маблағи калон ё махсусан калон, бо истифода аз вазифаи хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи муташаккил ё ташкилоти ҷиноятӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то даҳ сол пешбинӣ карда шудааст.
Бояд маърифати сарфакориро омӯхт
Сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ аз ҳар нафар масъулият талаб менамояд. Ҷомеа бояд дар самти истифодаи неруи барқ маърифати сарфакориро азхуд намояд ва ба исрофи беҳудаи ҳар кВт-соат неруи барқ роҳ надиҳад. Шаҳрвандон бояд хуб донанд, ки истеҳсол, интиқол ва тақсими ҳар киловатт-соат неруи барқ осон ба даст намеояд.
Барқ ҳам монанди ангишт, ҳезум, газ ва дигар маводи сӯхт, мисли орду равғану дигар маводи хӯрокворӣ маҳсулот аст, арзишу нарх дорад. Ҳангоми аз барқ истифода бурдан бояд сарфакор буд ва маблағашро ҳатман пардохт кард. Сарфакор будани мо барои бо барқ таъмин будани мо ва такроран истеҳсол намудани неруи барқ хеле зарур аст.
Аз ин рӯ, сокинонро мебояд, ки ҳаҷми барқи истифодакарда ва маблағҳои барои он пардохтнамударо ба таври доимӣ таҳлил намуда, роҳҳои сарфанамоиро истифода баранд, то ба буҷаи хонавода манфиат ворид гардад.
Таърихи таъсиси Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
11 ноябр Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия эълон шудааст. Ин сана аз он сарчашма мегирад, ки моҳи апрели соли 2008 дар ҷаласаи байналмилалии ҳамоҳангсозони SPARE /Лоиҳаи омӯзишӣ оид ба истифодаи энергия ва ҳифзи муҳити зист барои мактаббачаҳо/, ки дар Қазоқистон баргузор гардид, дар бораи таъсиси ин сана қарор қабул карда шуд.
Моҳи ноябри соли 2008 дар ҷаҳон аввалин маротиба Рӯзи сарфаи энергия таҷлил шуда, минбаъд он мақоми байналмилалӣ гирифт. Дар кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз қабили Ҷопон сарфаи энергия ва истифодаи оқилонаи он ба сатҳи идеяи миллӣ бароварда шудааст.
АКС аз мабаъҳои боз