Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 18.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ- амалӣ баргузор шуда, дар он китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Ҳамоиш ба омӯзиши сиёсати Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми занон, тавсеаи иштироки онҳо дар идоракунии давлатӣ ва таҳкими нақши занон дар рушди ҷомеаи соҳибистиқлол равона гардид.
Иштирокдорон доир ба ҷанбаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми занон андешаронӣ карда, аҳаммияти ташаббусҳои давлатиро дар таҳкими мавқеи занон дар ҷомеа таъкид намуданд.
Иброз гардид, ки дар китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти арҷгузорӣ ба мақоми зан, фароҳам овардани имконияти баробар ва таҳкими мавқеи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятии мамлакат инъикос ёфтаанд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон