СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022 дар мамлакат «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023–2037» қабул гардид. Нақшаи амали марҳилаи якуми стратегия таҳия ва тасдиқ гардида, аз рӯи он тадбирҳои муҳим андешида шуда истодаанд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ бо мутахассисони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат гардид.
«Тибқи натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии вазорат ба ҳолати 1 январи соли 2026 иҷрои ҳамаи тадбирҳои нақшаи амали марҳилаи якуми «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023–2037» таъмин гардидааст. Ин натиҷа аз таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шарикони рушд дар самти татбиқи ҳадафҳои иқтисоди «сабз» шаҳодат медиҳад», — иброз дошт сардори Раёсати рушди иқтисоди «сабз»-и Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Малика Давлатзода.
Номбурда афзуд, ки дар доираи амалишавии стратегия то 1 январи соли 2026 дар мамлакат 525 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст. Ин иқдом ба баланд бардоштани шаффофияти хизматрасонӣ, беҳтар намудани баҳисобгирӣ ва истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ мусоидат менамояд».
Ҳамсуҳбати мо илова кард, ки яке аз самтҳои калидии сиёсати иқтисоди «сабз» таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ мебошад. Дар доираи амали ин стратегия истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат дар солҳои 2023-2025 мутаносибан 21,86 миллиард, 22,43 миллиард ва 23,98 миллиард киловатт-соатро ташкил додааст. Тақрибан 98 фоизи неруи барқи истеҳсолшаванда ба манбаъҳои «сабз» рост меояд. Иқтидори энергетикаи «сабз»-и мамлакат аз 6000 мегаватт зиёд буда, корҳои таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда ва бунёди иқтидорҳои нав идома доранд. Дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи сохтмон ва таҷдиди иншооти энергетикӣ иқтидори истеҳсолии низоми энергетикӣ 154,8 мегаватт зиёд гардидааст. Аз ҷумла, навсозии агрегатҳои неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум», ба кор даровардани неругоҳи «Себзор» ва рушди неругоҳҳои хурди барқӣ барои афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ мусоидат намудаанд».
Ҳамсуҳбати дигари мо — сардори Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Аҳадзода афзуд, ки «дар шароити татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди «сабз» дар фаъолияти корхонаҳои саноатӣ аҳамияти махсус дорад. Истифодаи технологияҳои каммасраф, кам кардани партовҳои истеҳсолӣ, коркарди ашёи хом дар дохили мамлакат ва мутобиқ намудани маҳсулот ба стандартҳои байналмилалии экологӣ имкон медиҳанд, ки арзиши иловашуда ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ баланд бардошта шавад».
«Дар ин самт корхонаҳои бузурги саноатӣ барои сертификатсияи маҳсулоти худ ҳамчун маҳсулоти «сабз» тадбирҳои зарурӣ андешидаанд. Аз ҷумла, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» сертификати «Истеҳсоли сабз»-ро тибқи талаботи стандартҳои байналмилалии дахлдор дастрас намуда, Ҷамъияти саҳомии пушидаи «Талко Голд» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштаркаи «Зарафшон» низ соли 2024 чунин сертификатҳоро гирифтаанд. Ин таҷриба барои муаррифии имкониятҳои саноатии мамлакат ва тавсеаи дастрасии маҳсулоти ватанӣ ба бозорҳои хориҷӣ мусоидат мекунад»,- тазаккур дод Баҳодур Аҳадзода.
Номбурда афзуд, ки дар баробари ин, дар мамлакат истеҳсол ва васлу насби воситаҳои нақлиёти барқӣ рушд ёфта, корхонаҳои ватанӣ истеҳсоли электромопеду электроскутерҳоро ба роҳ мондаанд. Корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия «Акиа Авесто Автоматив Индастрӣ» низ ба истеҳсоли автобусҳо ва электробусҳо машғул буда, дар рушди нақлиёти муосири шаҳрӣ саҳм мегузорад.
Тибқи иттилои Баҳодур Аҳадзода, то 1 январи соли 2026 ба мамлакат 53 ҳазору 860 адад воситаи нақлиёти барқӣ ворид ва ба қайд гирифта шудааст. Барои таъмини истифодаи онҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва роҳҳои автомобилгарди аҳаммияти байналмилалӣ 312 нуқтаи барқтаъминкунӣ бо 1710 таҷҳизоти махсус ташкил гардидааст. Имтиёзҳои андозӣ барои воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ ва таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи энергия низ ба рушди ин бозор мусоидат менамоянд.
Таъкид гардид, ки ин равандҳо ба ҳадафҳои саноатикунонии босуръат, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат мувофиқат намуда, барои ташаккули истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ устувор замина мегузоранд.
Дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон низ истифодаи технологияҳои каммасраф, системаҳои барқии офтобӣ ва масолеҳи муосири гармимуҳофизаткунанда густариш меёбад. Ин тадбирҳо барои кам кардани талафоти энергия, баланд бардоштани самаранокии биною иншоот ва ташаккули муҳити зисти устувор аҳаммияти муҳим доранд.
Ба гуфтаи ӯ, татбиқи лоиҳаҳои иқтисоди «сабз» бе ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва истифодаи самараноки воситаҳои муосири молиявӣ имконнопазир аст. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд тақвият дода, заминаҳои ҳуқуқию институтсионалии маблағгузории «сабз»-ро густариш медиҳад.
Изҳор гардид, ки яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ин самт ба муомилот баровардани нахустин вомбаргҳои давлатии «сабз» дар ҳаҷми 200 миллион сомонӣ 17 октябри соли 2025 мебошад. Ин иқдом барои ҷалби маблағ ба лоиҳаҳои экологӣ, рушди бозори молиявии «сабз» ва истифодаи имкониятҳои нави сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар баробари ин, ташкилоти қарзии молиявӣ маҳсулоти молиявии «сабз», аз ҷумла қарзҳо барои хариди нақлиёти барқӣ, насби панелҳои офтобӣ, таъсиси гармхонаҳо, бунёди боғҳои интенсивӣ ва ҷорӣ намудани обёрии қатрагиро пешниҳод менамоянд. Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди Иқлими Сабз ва дигар шарикони байналмилалӣ низ ба таҳкими иқтидори мамлакат дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои табиӣ ва ҷалби маблағгузории иқлимӣ равона шудааст.
«Натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки иқтисоди «сабз» тадриҷан ба яке аз омилҳои муҳими навсозии иқтисоди миллӣ, рушди технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва таҳкими рақобатпазирии мамлакат табдил меёбад. Дар ин раванд, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ, истифодаи самараноки захираҳо, рушди истеҳсолоти ватанӣ, густариши рақамикунонӣ ва ҳифзи муҳити зист барои фаъолияти минбаъдаи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ заминаи муҳим мебошанд»,– шарҳ дод Баҳодур Аҳадзода.
Ба таъкиди номбурда, дар марҳилаҳои минбаъда таваҷҷуҳ на танҳо ба иҷрои нақшаҳои пешбинишуда, балки ба натиҷаҳои воқеии иқтисодӣ ва экологӣ, самаранокии истифодаи маблағгузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави кории «сабз», баланд бардоштани сифати маҳсулоти ватанӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ равона карда мешавад.
Ҳадафи ниҳоӣ ташаккули низоми иқтисодиест, ки рушди истеҳсолот ва некӯаҳволии мардумро бо ҳифзи муҳити зист, сарфаи захираҳои табиӣ ва манфиатҳои наслҳои оянда пайванд медиҳад. Амалӣ намудани ин ҳадафҳо барои пешрафти устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат ва расидан ба мақсадҳои «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» то соли 2037» мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи «Стратегии рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъмини рушди иқтисодӣ тавассути истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини суботи иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист дар дарозмуҳлат мебошад.
Рушди иқтисоди «сабз» дар робита бо ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва густариши шуғли пурмаҳсул амалӣ карда мешавад.
Татбиқи иқтисоди «сабз» ҳамчун низоми мукаммали хоҷагидорӣ истифодаи воситаҳои мушаххасро тақозо менамояд. Аз ҷумла, афзоиш додани сармоягузории давлатӣ ба инфрасохтори мутобиқ ба принсипҳои рушди устувор, аз ҷумла нақлиёти ҷамъиятии барқӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва бунёди биноҳои каммасрафи энергетикӣ, инчунин сармоягузорӣ ба сармояи табиӣ бо мақсади барқарорсозӣ, ҳифз ва афзоиш додани захираҳои он аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, густариши истеҳсолоти саноатӣ, рушди энергетикаи «сабз», ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 ташаккули иқтисоди «сабз», рақамикунонии иқтисодиёт, истифодаи технологияҳои муосир, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кориро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки рушди кишвар муайян намуданд.
Ин ҳуҷҷат самтҳои асосии гузариш ба модели муосири иқтисодӣ, аз ҷумла рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, саноати «сабз», кишоварзии устувор, нақлиёти барқӣ, инфрасохтори каммасраф, ҳифзи сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузории «сабз» ва баланд бардоштани маърифати экологиро муайян менамояд.
Иқтисоди «сабз» низоми махсуси рушди иқтисодӣ мебошад, ки ба технологияи аз нигоҳи экологӣ тоза ва рушди иқтисодии самаранок нигаронида шуда, мақсади он таъмини рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги обию энергетикӣ, имкониятҳои васеи рушди кишоварзӣ, саноат ва сайёҳӣ мебошад, татбиқи ин модели рушд аҳамияти хосса дошта, барои таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад .
Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»