«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷамъбасти озмун Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардид. Ҳамзамон ҷойи якум ба Отамбегим Шакаршоева аз ноҳияи Шуғнон, ҷойи дуюм ба Моҳинав Рӯзадорова ва Розиямо Суддиқова ва ноҳияи Рӯшон ва ҷойи сеюм насиби Гулоро Мизробова аз ноҳияи Роштқалъа ва Қурбумо Саидова аз ноҳияи Ванҷ гардид.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» гузаронида мешавад. Он бо мақсади таҳкими арзишҳои оилавӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тарғиби фарҳанги оиладорӣ, эҳтироми калонсолон ва ҳифзу рушди суннатҳои неки миллӣ баргузор мегардад.
Баргузории чунин озмунҳо дар самти муаррифии нақши арзандаи занон дар таҳкими оила ва ҷомеа, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои оилавӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҷамъбасти озмун бори дигар нишон дод, ки ҳифзи арзишҳои оилавӣ, эҳтироми модарону занон ва арҷгузорӣ ба таҷрибаи зиндагии калонсолон яке аз омилҳои муҳими таҳкими ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон