Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бухорои Узбекистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Боздиди муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бухоро аз зиёрати мақбараи Исмоили Сомонӣ ва тамошои Қалъаи Бухоро ҷараён гирифт.
Оромгоҳи сулолавии Сомониён, ки ба асрҳои IX–X тааллуқ дорад, яке аз нодиртарин ёдгориҳои меъмории Бухоро ва тамоми Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Пас аз анҷоми сафари пурмуҳтавои расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон, ки тайи ду рӯз идома ёфт, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз аз шаҳри Бухоро ба Ватан баргаштанд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон