Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» дар баррасии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Лоиҳаи барнома дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 баён намуданд, таҳия гардидааст. Ин барнома ба рушди истеҳсоли металлҳои ранга ва нодир, ҳамзамон таъмини истифодаи самараноки захираҳои зеризаминӣ нигаронида шудааст.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои нав барои коркарди пурраи ашёи қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш тадбирҳои иловагӣ андешида шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот зиёд карда шавад.

Саноат яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ маҳсуб шуда, таъмини рушди он вазифаи афзалиятнок ба шумор меравад. Дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойи кор ҳадафи чоруми миллии мамлакат мебошад. Агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард, дар айни замон шумораи онҳо аз 4 ҳазор гузашта, беш аз 11 баробар зиёд гардидааст. То охири сол дар Тоҷикистон таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иброз намуданд, ки «татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръат ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшида, онро ба яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисоди миллӣ табдил дод».

Таъкид гардид, ки дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 4,1 миллиард сомонии соли 2000 ба 66,4 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расида, 16 баробар афзоиш ёфт. Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 85 номгӯй маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешуд. Ҳоло ин нишондиҳанда аз 1400 гузашта, беш аз 16 баробар зиёд гардидааст. Дар баробари рушди бомароми соҳаҳои истихроҷу коркарди маъдан, металлургия, мошинсозӣ, кимиё, хӯрокворӣ, саноати сабук ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон якчанд самти нави истеҳсолӣ низ ташаккул ёфтааст. Аз ҷумла, истеҳсоли консентрати сурб, руҳ, сурма ва мис, металлҳои алоҳида, доруворӣ, техникаи кишоварзӣ, воситаҳои нақлиёт, техникаи маишӣ, маҳсулоти кабелӣ ва масолеҳи нави сохтмон ба роҳ монда шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025» қабул ва амалӣ гардид. Ҳадафи он аз таъмини пешрафти иқтисодиёти кишвар, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва ворид кардани Тоҷикистон ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон иборат буд.

Саноатикунонӣ, ки ҳадафи чоруми мамлакат пешниҳод гардидааст, имконият медиҳад, ки ашёи хоми ватанӣ сари вақт ва беталаф коркард шавад, аҳолии мамлакат бо ҷойи кор таъмин гардад, бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании арзону босифат ғанӣ шавад ва воридоти молу маҳсулот аз хориҷи ҷумҳурӣ коҳиш ёбад. Дар натиҷа маҳсулоти озуқавории ватанӣ истеҳсол гардида, амнияти озуқаворӣ таъмин карда мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Источник: АМИТ "Ховар"