Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом корҳои саҳроӣ, аз ҷумла ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дошта, корхонаи коркарди пахта фаъолият мекунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод
ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом корҳои саҳроӣ, аз ҷумла ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дошта, корхонаи коркарди пахта фаъолият мекунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи ба номи Энаҷон Бойматова яке аз хоҷагиҳои калони пахтакори шаҳри Конибодом ба ҳисоб рафта, бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ ва таҷрибаи пешқадам сол ба сол ҳосилнокии заминро баланд мебардорад. Кишоварзони хоҷагӣ соли 2026 дар 280 гектар чигити навъи «Ориё» кишт намуда, то имрӯз беш аз 800 тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд, ки ба 70 дарсади нақшаи истеҳсолӣ баробар аст.
Солҳои охир дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди пахтакорӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва амалӣ намудани таҷрибаи пешқадами агротехникӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Ин раванд барои баланд бардоштани ҳосилнокии замин ва афзоиши истеҳсоли пахта замина фароҳам меорад.
Соли 2026 дар шаҳри Конибодом дар 4020 гектар пунбадона кишт гардида, то ин дам 3944 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 34,8 дарсади нақша баробар мебошад. Инчунин бо кишти такрорӣ дар Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи ба номи Энаҷон Бойматова тибқи нақша мебоист дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзӣ дар 1840 гектар кишти такрорӣ гузаронида шавад. Дар натиҷа, ин нишондиҳанда ба 2081 гектар расонида шуд.
Дар заминҳои кишти такрорӣ асосан сабзӣ, мош, лӯбиё, шолӣ, бодиринг, полезиҳо ва дигар зироат кишт гардидаанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки нашъунамои зироати кишоварзӣ хуб буда, риояи ҳатмии қоидаҳои агротехникӣ барои ба даст овардани ҳосили баланд мусоидат менамояд.
Дар хоҷагии ба номи Энаҷон Бойматова дар 20 гектар сабзӣ, шалғам, турб, зироати хӯроки чорво ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ кишт карда шудааст. Интизор меравад, ки дар натиҷаи нигоҳубини дуруст аз заминҳои мазкур ҳосили хуб ба даст оварда шавад.
Корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Ориён» яке аз корхонаҳои асосии коркарди пахта дар шаҳр ба шумор рафта, аз оғози маъракаи пахтачинӣ фаъолият дорад. То имрӯз дар корхона беш аз 2500 тонна пахта захира шуда, коркарди аввалини он оғоз гардидааст. Истифодаи технологияҳои муосир имкон медиҳад, ки фоизи баромади нахи пахта баланд бардошта шавад. Корхона бо хоҷагиҳои деҳқонӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонида, нақша дорад, ки дар мавсими имсола то 5000 тонна пахта қабул намояд.
Дар корхона 68 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, ки баробари фароҳам овардани ҷойи нави кор ба рушди саноатикунонии босуръати кишвар низ мусоидат мекунад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд