Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бозии дуюми дӯстонаро бо тими мунтахаби Узбекистон баргузор намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрӣ 10 ноябр дар маҷмааи варзишии «Юнусобод»-и шаҳри Тошканд баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид.
Қаблан бозии дӯстонаи якуми дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Тоҷикистон бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:0 ба анҷом расида буд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон