БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид

АМИТ "Ховар" ·

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун г…

ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» дар номинатсияи «Беҳтарин инъикос дар воситаҳои ахбори омма» гардида, соҳиби ҷоиза шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Маросими ҷоизасупорӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» 85 субъекти ватанӣ дархост пешниҳод намуда, беҳтарин содироткунандагон аз рӯи номинатсияҳои дахлдори Қоидаҳои муқаррарнамудаи озмун интихоб шуданд.

Озмун соли панҷум аст, ки аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, дуруст ва дақиқ муайян кардани содироткунандагони боэътимод ва дурнамои иқтидорҳои содиротии онҳо гузаронида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"