Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода иброз дошт, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир, рақамикунонии равандҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва тағйирёбии муносибатҳои идоракунӣ такмили низоми идоракунии давлатӣ аҳамияти хосса касб менамояд. Идоракунии инноватсионӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки Академияи идоракунии давлатӣ ҳамчун муассисаи пешбари омодасозӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар ташаккули тафаккури инноватсионӣ, баланд бардоштани савияи донишҳои рақамӣ ва омода намудани кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нақши муҳим дорад. Барои татбиқи муваффақонаи ислоҳоти рақамӣ зарур аст, ки иқтидори илмӣ, таҷрибаи амалӣ ва имконияти технологияҳои нав ба ҳам пайваст гардида, дар ин замина ҳамкории муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва мақомоти давлатӣ тақвият дода шавад.
Дар конференсия таъкид гардид, ки рушди иқтисоди рақамӣ аз сатҳи дониш, малака ва омодагии насли наврасу ҷавон ба истифодаи технологияҳои муосир вобастагии мустақим дорад.
Татбиқи усулҳои инноватсионии таълим, истифодаи платформаҳои рақамӣ, захираҳои электронии таълимӣ ва технологияҳои зеҳни сунъӣ метавонад ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили идоракунии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ, инчунин беҳтар гардидани раванди омодасозии мутахассисони рақобатпазир мусоидат намояд. Ҳамзамон зарурати рушди саводнокии рақамии омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯён, такмили малакаҳои касбии омӯзгорон ва мутобиқ намудани муҳтавои таълим ба талаботи бозори меҳнати муосир муҳим арзёбӣ карда шуд.
Ҳамчунин дар конференсия масъалаи рушди иқтисоди «сабз» ва истифодаи технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ безарар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки ҳамгироии иқтисоди рақамӣ бо принсипҳои иқтисоди «сабз» метавонад ба сарфаи захираҳо, коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист ва таъмини рушди устувори ҷумҳурӣ мусоидат намояд.
Иштирокчиёни конференсия дар доираи муҳокимаҳо масъалаҳои мубрами ташаккули низоми муосири идоракунии давлатӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани саводнокии рақамии хизматчиёни давлатӣ, амалӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва тақвияти ҳамкории илм бо амалияро баррасӣ намуданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон