Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» расман оғоз бахшиданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии Ориё расман оғоз
ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/ . 4 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии Ориё расман оғоз бахшиданд.
Марказ бо тарҳи зебову муосир бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва аз худ намудани фанҳои дақиқ пешбинӣ шудааст. Дар он синфхонаҳои махсуси компютерӣ, химия, биология ва математика ташкил гардида, ҳар кадом бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои муосири таълимӣ таъмин мебошанд.
Дар марказ, ҳамчунин озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ фаъолият намуда, ба хонандагон имкон медиҳад, ки донишҳои назариявии худро дар амал санҷанд ва бо усулҳои муосир ба омӯзиши фанҳои табиию дақиқ машғул шаванд.
Дар маҷмӯъ, марказ барои фарогирии 168 нафар ба омӯзиши забонҳо ва фанҳои дақиқ имконият фароҳам овардааст. Ин иқдом, пеш аз ҳама, ба рушди қобилияти зеҳнӣ, васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ ва баланд шудани сатҳи донишомӯзии насли ҷавон мусоидат хоҳад кард.
Дар муассиса китобхонаи замонавӣ низ ташкил гардида, дар он ҳудуди 6 ҳазор китоб гирд оварда шудааст. Ин ганҷинаи маърифат барои толибилмон имкони васеъ фароҳам меорад, ки дониши худро тавассути мутолиаи адабиёти таълимиву илмӣ такмил бахшанд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти марказ омодасозии довталабон ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф дар муассиса омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорои донишу малакаи зарурӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Ҳоло дар марказ 10 омӯзгори дорои таҷрибаи баланд ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд. Ҳамин тавр, дар баробари фароҳам овардани шароити муносиб барои донишомӯзӣ, таъсиси марказ барои 15 нафар ҷойи кор муҳайё кардааст.
Бунёди чунин марказҳои таълимӣ дар маҳалҳо барои рушди неруи зеҳнии ҷомеа муҳим арзёби гардид. Зеро дар шароити имрӯза донистани забонҳои хориҷӣ, аз худ намудани илмҳои дақиқ ва истифодаи дурусти технологияҳои муосир аз омилҳои асосии омодасозии ҷавонон ба таҳсилоти олӣ ва бозори ҷаҳонии меҳнат ба шумор меравад.
Маркази таълимӣ ва забономӯзии Ориё бо чунин имкониятҳо метавонад ба пойгоҳи муҳими донишомӯзӣ барои наврасону ҷавонони ноҳия табдил ёфта, дар омодасозии довталабони соҳибдониш ва рақобатпазир саҳми назаррас гузорад.
Дар маҷмӯъ, ба истифода додани ин марказ боз як қадами муҳим дар роҳи таҳкими заминаҳои таълимӣ, дастгирии ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои омӯзиши илм, забон ва технологияҳои муосир мебошад.