Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар доираи иҷлосияи 81‑уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD)  ва

ДУШАНБЕ, 2 6 .09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар доираи иҷлосияи 81 ‑ уми Маҷмаи у мумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD)  ва Раиси СММ-захираҳои об (UN ‑ Water) Алваро Ларио мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири корҳои хориҷӣ ҳамкории устувор ва шарикии Тоҷикистонро бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва СММ-захираҳои об таъкид намуда, омодагии кишварро барои пешбурди раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар Душанбе, ба хусус дар пасманзари қабули якдилонаи қатъномаи Маҷмаи Умумӣ оид ба ҷузъиёти конфронс иброз дошт.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории зичро дар самтҳои авлавиятнок, мутобиқ ба ваколатҳои Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD)  ва СММ-захираҳои об, аз ҷумла таҳкими ҳамкории ҷаҳонии об, дастгирии устувории деҳот ва пешбурди рушди устувор идома диҳанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"