Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо сардори Раёсати Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Салтанати Умон Шайх Аббос
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо сардори Раёсати Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Салтанати Умон Шайх Аббос ибни Иброҳим Ал-Ҳорисӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умонро баррасӣ намуда, доир ба роҳҳои таҳкими ҳамкории мутақобили судманд ва тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар карданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо аҳаммияти идомаи муколамаи созанда ва таҳкими ҳамкории дуҷонибаро таъкид намуда, барои мусоидат ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Умон изҳори омодагӣ карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон