Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муштариён минбаъд метавонанд дар мавсими гармидиҳӣ ҳангоми норасоии оби гарм, қатъ ё маҳдуд гардидани интиқоли неруи гармӣ, рух додани садама дар қубурҳо ва дигар мушкилоти марбут ба низоми гармидиҳӣ, инчунин барои пешниҳоди арзу шикоятҳо ба рақамҳои кӯтоҳи 14-44 ва 231-75-01, 231-24-41 ба мо муроҷиат намоянд, чунин изҳор доштанд ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе».

Масъулини Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе» ҳамчунин аз муштариён хоҳиш карданд, ки гармидиҳандаҳо ё ба истилоҳ «отаплениҳо»-и дохили хонаҳои худро барои қабули неруи гармӣ омода намоянд, то мушкилие дар ин самт пеш наояд.

Ҳамасола дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, пойтахт ба истеъмолкунандаи азими неру табдил меёбад. Дар ин замина ҳангоми истифодаи гармӣ, ки дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол мешавад, дар пойтахт неруи барқ сарфа мегардад. Ин барои таъминоти барқ дар саросари ҷумҳурӣ манфиатбахш мебошад.

Бояд гуфт, ки инфрасохтори гармидиҳии шаҳри Душанбе сол ба сол рушд намуда, имкониятҳои таъмини сокинон ва муассисаҳои иҷтимоӣ бо нерӯи гармӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Агар солҳои 2016–2017 имконияти интиқоли нерӯи гармӣ ба 1530 бинову иншоот фароҳам гардида бошад, дар солҳои 2025–2026 ин нишондиҳанда ба 3307 бинову иншоот расидааст, яъне шумораи бинову иншооти бо гармӣ таъминшуда 1777 адад зиёд гардидааст.

Кормандони Муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» ҳамарӯза корҳоро мутобиқи нақшаи тасдиқшуда ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои босифат ва дар муҳлати муқарраргардида, инчунин омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 тадбирҳои зарурӣ мендешанд.

АКС: Муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе»

Источник: АМИТ "Ховар"