Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /МИТ «Ховар»/. Аъзои ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Яҳёзода дар Латвия бо роҳбарият ва масъулини ширкати энергетикии «Latvenergo», мақоми
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /МИТ «Ховар»/. Аъзои ҳ айати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Яҳёзода дар Латвия бо роҳбарият ва масъулини ширкати энергетикии «Latvenergo», мақоми танзимкунандаи соҳаи электроэнергетика ва Шабакаҳои тақсимоти барқи Латвия мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи электроэнергетика, ҷанбаҳои амалии ташаккул ва фаъолияти бозори неруи барқ, сиёсати энергетикӣ, раванди ислоҳоти соҳа ва механизмҳои танзими давлатии он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба таҷрибаи пешқадами Латвия дар самти идоракунии корпоративӣ, такмили низоми идоракунӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои энергетикӣ, таҳкими иқтидори амалиётӣ ва молиявии онҳо табодули назар намуданд.
Ба масъалаи рақамикунонии соҳаи энергетика, татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ дар низоми идоракунӣ ва фаъолияти шабакаҳои барқӣ, инчунин истифодаи таҷрибаи пешқадами Латвия дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Сафари намояндагони Тоҷикистон дар Латвия аз 28 сентябр то 2 октябр дар доираи Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон, ки ба рушди устувори соҳаи энергетика, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ равона гардидааст, доир гардид.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон