Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии молиявии Sibos 2026 мулоқоти ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндаи Commerzbank AG баргузор гардида, масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, табодули таҷриба ва
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Д ар доираи Форуми байналмилалии молиявии Sibos 2026 мулоқоти ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндаи Commerzbank AG баргузор гардида, масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, табодули таҷриба ва густариши робитаҳои касбӣ дар самтҳои гуногуни фаъолияти бонкӣ баррасӣ шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон зимни вохӯрӣ ба масъалаҳои татбиқи стандартҳои нави SWIFT, рушди низомҳои пардохт, рақамикунонии равандҳои бонкӣ ва мутобиқсозии инфрасохтори молиявӣ ба талаботи муосири байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар ин замина идомаи табодули таҷрибаи амалӣ ва баргузории машваратҳои корӣ байни мутахассисони соҳавӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ гардида, аҳаммияти омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар самти баланд бардоштани эътимоднокӣ, самаранокӣ ва устувории низомҳои пардохтӣ изҳор шуд. Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои иқтисоди «сабз» ва маблағгузории сабз, рушди механизмҳои дастгирии лоиҳаҳои устувор, инчунин идоракунии захираҳои байналмилалӣ, аз ҷумла истифодаи воситаҳои муосири молиявӣ ва равишҳои муосири идоракунии дороиҳоро бо назардошти принсипҳои амният, пардохтпазирӣ ва даромаднокӣ баррасӣ намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҳавасмандӣ ба густариши робитаҳои касбӣ, баргузории машваратҳои муштарак ва нигоҳ доштани муколамаи мунтазами корӣ доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид гардид.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон