МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгорон таҳти унвони «Мақоми омӯзгор – мақоми созандагии миллат» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус
ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгорон таҳти унвони «Мақоми омӯзгор – мақоми созандагии миллат» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар ҳамоиш оид ба ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеа, нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас, рушди маърифати ҷомеа ва омода намудани кадрҳои ояндасоз сухан гуфта шуд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ иброз намуд, ки бо роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ марҳилаи сифатан нави рушду такомули пойтахт, аз ҷумла соҳаи маориф шуруъ гардидааст. «Мо шоҳид ҳастем, ки бо шарофати Раиси ҷавону масъулиятшинос ва қонунмеҳвари шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат тамоюли ҷавону ободтар ва хуррамшавиро касб намудааст. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо меҳвар қарор додани суханони Пешвои миллат – «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад» ба дастовардҳои беназир ноил шуданд, ки дар таърихи пойтахти мамлакат собиқа надоранд», -афзуд Бахтиёр Шарифӣ.
Баланд бардоштан маҳорати касбӣ ва малакаи педагогии аҳли маориф дар мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе қарор дошта, ҳамасола омӯзгорони шаҳри Душанбе барои такмили ихтисос ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербурги Федератсияи Русия, шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон, шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон равона мегарданд. Харҷи сафар пурра аз ҳисоби маблағҳои ба ин самт ҷудогардида амалӣ карда мешавад.
Дар идомаи чорабинӣ як зумра омӯзгорону фаъолони соҳаи маорифи пойтахт барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф бо Сипосномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ як зумра кормандони фаъоли соҳаи маориф бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Инчунин собиқадорони соҳаи маорифи пойтахт барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳа ва тарбияи насли наврас қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе