Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони аршади вазорату идораҳои кишвари иқомат, корпуси дипломатӣ, роҳбарони
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони аршади вазорату идораҳои кишвари иқомат, корпуси дипломатӣ, роҳбарони ширкатҳои кореягӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром иброз дошт, ки истиқлолият нишони озодӣ, ифтихор, номус, рамзи саодат ва бақои миллати тоҷик буда, Тоҷикистон маҳз бо шарофати сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Чорабинии тантанавиро рақсу мусиқии тоҷикӣ ва барномаи фарҳангии ҳунармандони тоҷик рангин намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея