Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Нуъмонҷон Юсупов, ки дар аввалин чемпионати ҷаҳон-2026 байни наврасон дар шаҳри Боку ғолиби дивизиони «D» шуд, пас аз бозгашт ба Ватан дар шаҳри Душанбе гарму самимӣ истиқбол гирифта шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаи мунтахаби наврасони мамлакатро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА, ки дар Озарбойҷон доир шуд, 10 бозӣ анҷом дод. Дар ҳафт дидор дастаи мо бар дастаҳои мунтахаби Барбадос (7:0), Ҷазираҳои Бермуд (7:1), Кувайт (3:0), Филиппин (3:0), Литва (5:2), Ҷумҳурии Доминикан (3:0) ва Канада (4:2) пирӯз шуд. Як бозӣ бо дастаи мунтахаби Чили бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Дар ду дидори дигар наврасони тоҷик аз ҳамсолони худ аз Конго (2:3) ва Испания (1:6) мағлуб шуданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон