Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 17 ноябр намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷрибаи Корпоратсияи роҳҳои мошингарди Ҷумҳурии Корея дар самти рушди шабакаи роҳҳо, таъмини устувории маблағгузорӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ шинос мегарданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар доираи ин сафар намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Корпоратсияи роҳҳои мошингарди Ҷумҳурии Корея шинос шуданд. Намояндаи Корпоратсияи роҳҳои мошингарди Ҷумҳурии Корея Чанҳо Ли лоиҳаи «Роҳҳо барои рушди иқтисодӣ»-ро шарҳ дод. Таваҷҷуҳи асосӣ ба пайвастани марказҳои истеҳсолӣ бо бандарҳо, банақшагирии дарозмуддати инфрасохтор ва ташкили манбаъҳои устувори маблағгузории сохтмону нигоҳдории роҳҳо равона гардид.
Ҳамчунин доир ба бахши молиявии низоми муттаҳидаи баҳисобгирии даромадҳои роҳҳои пулакӣ маълумот дода шуд. Дар ин низом даромади қитъаҳои серҳаракат барои маблағгузории роҳҳои нав ва қитъаҳои камҳаракат низ истифода мешавад. Ҳамчунин таҷрибаи маблағгузории муштараки давлат ва корпоратсия барои рушди шабакаи роҳҳо шарҳ дода шуд.
Зимни сафар намондагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо технологияҳои ташхиси ҳолати роҳҳо ва иншооти роҳ шинос гардиданд. Мутахассисони кореягӣ таҷҳизоти арзёбии рӯйпӯши роҳ, ташхиси қабатҳои зери онро тавассути георадар ва низоми ошкорсозии осебҳоро бо истифода аз зеҳни сунъӣ муаррифӣ намуданд.
Таҷрибаи пешниҳодшуда барои такмили Низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Тоҷикистон аҳамияти амалӣ дорад. Аз ҷумла, ҷамъоварии маълумоти дақиқ дар бораи ҳолати роҳҳо, пулҳо ва нақбҳо метавонад барои муайян намудани афзалияти таъмир ва асоснок кардани хароҷоти нигоҳдорӣ истифода шавад. Ҳангоми баррасии чунин технологияҳо мутобиқати онҳо ба шароити кӯҳистон, омодасозии мутахассисон ва пайвастшавӣ ба низомҳои мавҷудаи соҳа бояд ба назар гирифта шавад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон