Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Абераи мутафаккири бузурги миллати тоҷик Аҳмади Дониш — Одил Дониш, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуда, аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик огоҳ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин осорхона.

Зимни сайри осорхонавӣ Одил Дониш аз толорҳои намоишии осорхона дидан намуда, бо нигораҳои нодир, бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ, намунаҳои барҷастаи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар ёдгориҳои моддию маънавии халқи тоҷик шинос шуд. Экспозитсияи осорхона имконият фароҳам овард, ки меҳмонон бо марҳилаҳои муҳими таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, раванди ташаккули давлатдорӣ ва дастовардҳои фарҳангии ниёгон аз наздик ошно гарданд.

Одил Дониш ҳамзамон бо осори илмӣ, таърихӣ ва маводи марбут ба ҳаёт, фаъолияти илмию адабӣ ва мероси гаронбаҳои мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш шинос гардид.

Зимни муаррифӣ оид ба мақоми таърихии Аҳмади Дониш дар рушди афкори иҷтимоию сиёсӣ, илм, маориф ва адабиёти тоҷик, инчунин саҳми арзишманди ӯ дар ташаккули андешаи маорифпарварӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ ба меҳмонон инчунин оид ба таърихи пайдоиш, хусусият ва аҳамияти таърихию илмии нигораҳо, марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди тамаддуни тоҷикон маълумот дода шуд.

Дар анҷом Одил Дониш таассуроташро дар Китоби меҳмонони фахрии Осорхонаи миллӣ сабт намуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"