Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Таиланд дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор ҷаласаи кишварҳои аъзои электорати ин ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ баргузор шуданд, ки дар он Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иштирок намуданд.
Тибқи иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар ҷаласа масъалаҳои рушди минбаъдаи фаъолияти электорат ва густариши ҳамкорӣ байни мамлакатҳои аъзо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён оид ба афзалияти муштарак ва роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор барои дастгирии рушди устувори иқтисодӣ табодули афкор намуданд.
Ҷониби Тоҷикистон оид ба вазъи макроиқтисодӣ ва натиҷаҳои рушди иқтисодии ҷумҳурӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, афзалияти сиёсати иқтисодию молиявӣ ва самтҳои ҳамкории минбаъдаро муаррифӣ кард. Дар ин замина, аҳамияти ҳамкории зич бо мамлакатҳои аъзои электорат ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ барои татбиқи афзалияти рушди Тоҷикистон таъкид шуд.
Ҳамзамон дар ин рӯз Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизода вохӯрӣ намуд. Ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ду мамлакат ва имконияти густариши он мубодилаи афкори судманд намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон