Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз натиҷаҳои муҳими Форуми байналмилалии «TAJ-TECH 2026» ба имзо расидани маҷмуи санадҳои ҳамкорӣ -созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум байни ширкатҳои ватанӣ ва шарикони байналмилалӣ гардид. Дар
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз натиҷаҳои муҳими Форуми байналмилалии «TAJ-TECH 2026» ба имзо расидани маҷмуи санадҳои ҳамкорӣ -созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум байни ширкатҳои ватанӣ ва шарикони байналмилалӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Санадҳои баимзорасида ба таҳкими робитаҳои шарикӣ, ҷалби сармоя, табодули таҷриба ва пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи технология ва инноватсия равона шудаанд.
Татбиқи ин санадҳо метавонад барои тавсеаи фаъолияти ширкатҳои ватанӣ, амалӣ намудани роҳкорҳои муосири технологӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ имконияти нав фароҳам оварад.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон