Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 то 29 сентябр дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистони вилояти Суғд таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» Форуми дуюми сулҳи Фарғона баргузор
ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 то 29 сентябр дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистони вилояти Суғд таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» Форуми дуюми сулҳи Фарғона баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Форум ба солгарди қабули Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ бахшида шудааст. Дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, доираҳои дипломатӣ, марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои ҷавонон ва занон, инчунин намояндагони ҷамоатҳои маҳаллии водии Фарғона иштирок менамоянд.
Иштирокчиёни форум масъалаҳои суботи минтақавӣ ва амният, рушди иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаббусҳои ҷавонон ва занон, ҳамкории воситаҳои ахбори омма ва таҳкими нақши ҷамоатҳои маҳаллиро баррасӣ менамоянд.
Дар доираи форум иштирокчиён имконият пайдо мекунанд, ки таҷрибаи худро мубодила намуда, масъалаҳои мубрами минтақаро баррасӣ кунанд ва барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва таъмини шукуфоии устувори водии Фарғона пешниҳодҳои амалӣ таҳия намоянд.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон