Исломиддин Раҳмон: «Яке аз вазифаҳои олии стандартизатсия ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон мебошад»

АМИТ "Ховар" ·

Исломиддин Раҳмон: «Яке аз вазифаҳои олии стандартизатсия ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон мебошад»

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо эътироф гардидааст. Стандартҳо дар таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоту хизматрасонӣ, рушди саноат, густариши тиҷорати байналмилалӣ ва амалӣ намудани технологияҳои нав нақши

ДУШАНБЕ, 1 4 .10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Рӯзи ҷаҳонии стандарт ҳо эътироф гардидааст . Стандартҳо дар таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоту хизматрасонӣ, рушди саноат, густариши тиҷорати байналмилалӣ ва амалӣ намудани технологияҳои нав нақши муҳим доранд. Дар Тоҷикистон низ мутобиқсозии стандартҳои миллӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ, рушди заминаи меъёрии техникӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳа ба ҳисоб мераванд. Дар робита ба ин рӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Агентии «Тоҷикстандарт» Исломиддин Раҳмон ҳамсуҳбат гардид .

АМИТ «Ховар»: Рӯзи ҷаҳонии стандарт ҳо чӣ аҳамият дорад ва стандартҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаи инсон чӣ нақш мебозанд?

Исломиддин Раҳмон: Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо, ки ҳамасола 14 октябр таҷлил мегардад, барои арҷгузорӣ ба заҳмати коршиносону мутахассисони ин соҳа ва баланд бардоштани огоҳии ҷомеа оид ба аҳамияти стандартҳои ягона замина фароҳам меорад.

Дар ҳаёти муосир мо ҳамарӯза аз маҳсулот, хизматрасонӣ ва технологияҳое истифода мебарем, ки сифат ва бехатарии онҳо барои мо муҳим аст. Вақте симкорти телефони мобилиро ба дастгоҳи нав мегузорем, таҷҳизоти барқиро истифода мебарем ё доруро аз дорухона мехарем, интизор дорем, ки онҳо ба талаботи муайян ҷавобгӯ бошанд.

Маҳз стандартҳо ба таъмини чунин мувофиқат, сифат ва бехатарӣ мусоидат мекунанд. Онҳо талаботи ягонаи техникӣ ва меъёрҳои муайянро муқаррар намуда, ҳамкории истеҳсолкунандагон, истеъмолкунандагон ва бозорҳои кишварҳои гуногунро осон мегардонанд. Аз ин рӯ, стандартизатсия танҳо соҳаи техникӣ набуда, балки яке аз заминаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, пешрафти илму техника ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»: Дар шароити рушди технологияҳои муосир ва рақамикунонии иқтисодиёт нақши стандартҳои байналмилалӣ, ба хусус дар самти амнияти иттилоотӣ ва киберӣ то чӣ андоза муҳим аст?

Исломиддин Раҳмон: Имрӯз технологияҳои рақамӣ бо суръати баланд рушд мекунанд. Истифодаи зеҳни сунъӣ, шабакаҳои муосири алоқа, интернет ва дигар технологияҳои нав зарурати таҳия ва татбиқи стандартҳои мувофиқро бештар менамояд.

Стандартҳои байналмилалӣ барои таъмини ҳамоҳангии технологияҳо, ҳифзи маълумоти шахсӣ, пешгирии хатарҳои технологӣ ва баланд бардоштани сатҳи амнияти иттилоотӣ аҳамияти махсус доранд.

Дар ин замина, ҳамкории Агентии «Тоҷикстандарт» бо Ташкилоти байналмилалии стандартизатсия (ISO) густариш ёфтааст. Соли равон бо мақсади омӯзиши механизми қабули бевоситаи стандартҳои байналмилалӣ бо намояндагони ин ташкилот вохӯрии маҷозӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои тартиби қабули стандартҳои байналмилалӣ ва истифодаи онҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд.

Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ 90 стандарти байналмилалӣ дар соҳаҳои амнияти иттилоотӣ, амнияти киберӣ, ҳифзи ҳарими хусусӣ, молия ва дигар самтҳо дастрас гардида, бо фармоиши мақомот ҳамчун стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд. Маълумот оид ба номгӯи ин стандартҳо дар сомонаи Агентии «Тоҷикстандарт» ҷойгир карда шудааст. Ҳуҷҷатҳои мазкур тибқи тартиби муқарраргардида ба субъектҳои хоҷагидор ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дастрас карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳа таъмини истеҳсолкунандагони ватанӣ бо ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ мебошад. Дар ин самт дар давраи ҳисоботӣ кадом натиҷаҳо ба даст омаданд?

Исломиддин Раҳмон: Таъмини субъектҳои хоҷагидор, ба хусус корхонаҳои истеҳсолӣ бо ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Агентӣ мебошад. Ин ҳуҷҷатҳо барои ташкили дурусти равандҳои истеҳсолӣ, риояи талаботи муқарраршуда ва таъмини сифати маҳсулот замина фароҳам меоранд.

Дар давраи ҳисоботӣ 54 шарти техникии таҳиянамудаи истеҳсолкунандагони ватанӣ баъд аз баррасӣ ва омӯзиш дар асоси хулосаи мутахассисон дар Фонди давлатии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

Ҳамзамон бо мақсади дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ 287 стандарти байнидавлатӣ (ГОСТ) ҳамчун стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман қабул гардид. Инчунин ба 43 стандарти байнидавлатӣ тағйироти дахлдор ворид ва аз ҷониби Агентӣ тасдиқ карда шуданд.

Дар айни замон дар сомонаи интернетии www.fehrist-standart.tj маълумот оид ба стандартҳои байнидавлатӣ ва стандартҳои давлатӣ ҷой дода шудааст. Шумораи умумии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии дар ин сомона пешниҳодшуда 25 ҳазору 98 ададро ташкил медиҳад.

Ин тадбирҳо ба истеҳсолкунандагон имкон медиҳанд, ки аз талаботи техникии амалкунанда огоҳ бошанд ва дар асоси меъёрҳои муқарраршуда фаъолият кунанд.

АМИТ «Ховар»: Ҳамкории байналмилалӣ дар рушди соҳаи стандартизатсия чӣ ҷойгоҳ дорад ва мутахассисони тоҷик дар ин раванд чӣ гуна иштирок мекунанд?

Исломиддин Раҳмон: Дар шароити ҳамгироии иқтисодӣ ҳамкории байналмилалӣ барои такмили низоми стандартизатсия ва мутобиқсозии талаботи техникӣ аҳамияти муҳим дорад. Ин ҳамкорӣ барои табодули таҷриба, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва иштироки мутахассисони ватанӣ дар таҳияи стандартҳои нав имконият фароҳам меорад.

Дар ин самт мутахассисони Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ дар фаъолияти кумитаҳои техникии байнидавлатии Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия иштирок мекунанд. Ин кумитаҳо стандартҳоро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таҳия намуда, барои қабул ба Шурои байнидавлатӣ пешниҳод менамоянд.

Имсол масъулини раёсат дар ҷаласаи 17-уми Гурӯҳи корӣ оид ба кумитаҳои техникии байнидавлатӣ ва ҷаласаи 71-уми Комиссияи илмӣ-техникӣ оид ба стандартизатсия, ки ба тариқи видеоконфронс баргузор гардиданд, иштирок намуданд. Ҳамчунин дар кори Кумитаи техникии байнидавлатии 536 «Методологияи стандартизатсияи байнидавлатӣ» иштирок карданд. Дар доираи ин ҷаласаҳо масъалаҳои истифодаи ҳуҷҷатҳо ва стандартҳои байнидавлатию давлатӣ, инчунин омода намудани коршиносон оид ба стандартизатсия баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар»: Стандартҳо барои баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва ворид шудани он ба бозорҳои хориҷӣ кадом имкониятро фароҳам меоранд?

Исломиддин Раҳмон: Риояи стандартҳо яке аз омилҳои муҳими таъмини сифати маҳсулот ва баланд бардоштани рақобатпазирии он мебошад. Дар шароити бозори муосир истеъмолкунандагон ба сифату бехатарии маҳсулот аҳамияти зиёд медиҳанд. Аз ин рӯ, мутобиқати маҳсулот ба талаботи стандартҳои эътирофшуда метавонад эътимоди истеъмолкунандагон ва шарикони тиҷоратиро зиёд намояд.

Барои корхонаҳои истеҳсолӣ истифодаи стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар самти идоракунии сифат имкон медиҳад, ки равандҳои истеҳсолӣ такмил ёфта, талаботи бозорҳои гуногун беҳтар ба назар гирифта шаванд.

Дар Тоҷикистон мутобиқсозии стандартҳои миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла стандартҳои ISO ва стандартҳои байнидавлатӣ идома дорад. Ин раванд ба беҳтар намудани сифати маҳсулот ва фароҳам овардани замина барои густариши содирот барои истеҳсолкунандагони ватанӣ мусоидат мекунад.

Ҳамзамон фаъолияти Агентӣ дар самти назорати сифати маҳсулоти воридотию содиротӣ ва рушди имконияти озмоишгоҳӣ ба ҳифзи бозори дохилӣ ва таъмини риояи талаботи муқарраршуда равона шудааст.

АМИТ «Ховар»:  Дастгирии соҳибкорон ва корхонаҳои истеҳсолӣ яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодиёт мебошад. Агентӣ дар ин самт чӣ тадбирҳо меандешад?

Исломиддин Раҳмон: Дастгирии соҳибкорӣ ва мусоидат ба баланд бардоштани сифати маҳсулоту хизматрасонӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти Агентӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз воситаҳои чунин дастгирӣ ҷалби корхонаҳои ватанӣ ба озмунҳои миллӣ ва байналмилалии сифат мебошад.

Дар ин замина, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шоҳасар», ки ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ машғул аст ва меҳмонхонаи «Румӣ» барои иштирок дар озмуни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — «Дастовардҳо дар соҳаи сифат ва хизматрасонӣ» омода ва ҷалб карда шуданд.

Бо қарори ҳакамони озмун, ки натиҷаҳои он дар доираи ҷаласаи Шурои иқтисодии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баррасӣ гардиданд, корхонаҳои мазкур сазовори ҷоизаҳои баланди озмун шуданд. Ҷоизаҳо моҳи июли соли равон дар ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия супорида шуданд.

Ин таҷриба нишон медиҳад, ки татбиқи низоми идоракунии сифат, такмили равандҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ метавонад ба баланд бардоштани эътимоди истеъмолкунандагон ва муаррифии имконияти корхонаҳои ватанӣ дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намояд.

АМИТ «Ховар»: Дар шароити саноатикунонии босуръати мамлакат дурнамои рушди соҳаи стандартизатсияро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

Исломиддин Раҳмон: Саноатикунонии босуръат ва рушди истеҳсолоти ватанӣ талаб мекунанд, ки низоми стандартизатсия пайваста такмил дода шавад. Корхонаҳои истеҳсолӣ бояд маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол намоянд, то ба талаботи сифат ва бехатарии бозорҳои дохилию хориҷӣ ҷавобгӯ бошанд. Дар ин раванд қабули стандартҳои муосир, мутобиқсозии стандартҳои миллӣ ба талаботи байналмилалӣ, рушди заминаи меъёрии техникӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон аҳамияти калон дорад.

Ҳамзамон татбиқи стандартҳо дар соҳаҳои рақамӣ, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи муҳити зист, сарфаи энергия, бехатарии меҳнат ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ метавонад барои рушди устувори иқтисодиёт шароити мусоид фароҳам оварад.

Мо минбаъд низ кӯшиш менамоем, ки барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва такмили низоми стандартонӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Мусоҳиб Зарангези ЛАТИФ, АМИТ «Ховар»

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Источник: АМИТ "Ховар"