Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таҳкими анатомияи патологӣ дар соҳаи онкология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» симпозиум оғоз гардид, ки то 15 октябр идома меёбад. Тавре ба
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таҳкими анатомияи патологӣ дар соҳаи онкология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» симпозиум оғоз гардид, ки то 15 октябр идома меёбад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар он саратоншиносон аз дохил ва хориҷи мамлакат иштирок доранд.
Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» Акбар Муродзода иброз намуд, ки саратони ғадуди ширӣ яке аз бемориҳои маъмултарини соҳаи саратоншиносӣ дар байни занон ба ҳисоб рафта, ташхиси саривақтӣ ва оғози табобати мувофиқ барои беҳтар намудани натиҷаҳои табобат аҳамияти калон дорад. Бо вуҷуди пешрафти усулҳои ташхис ва табобат ташхиси беморӣ дар марҳилаҳои дер яке аз мушкилоти муҳими соҳа боқӣ мемонад.
Иброз гардид, ки барои пешгирии ин беморӣ бояд заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ беҳтар карда шавад. Инчунин дастрасӣ ба таҷҳизоти муосири маммографӣ ва таъмини фаъолияти самараноки онҳо, баланд бардоштани зиракии онкологии кормандони тиб, махсусан табибони оилавӣ ва кормандони кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо мақсади сари вақт муайян намудани нишонаҳои шубҳанок ва равон кардани беморон ба назди мутахассис ва дигар масъалаҳои вобаста ба он ба роҳ монда шаванд.
Дар идомаи симпозиум коршиносони соҳа аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Федератсияи Русия доир ба масъалаҳои ташхиси патоморфологии омосҳо, ташхиси фарқкунандаи бемориҳо, хусусияти иммуноморфологии омосҳо, нақши ташхиси озмоишгоҳӣ дар ошкорсозии барвақтии бемориҳои саратонӣ ва дигари масаъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон