Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Конференсияи 74-уми солонаи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ: марҳилаҳои нави илм ва амалияи тиб» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховра» аз Донишгоҳи давлатии тиббӣ иттилоъ доданд, дар конференсия олимон, муҳаққиқон, табибон ва намояндагони муассисаҳои илмию тиббии дохилию хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорусия, Эрон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Дар конференсия масъалаҳои рушди илми тиб, густариши ҳамкории байналмилалӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар низоми тандурустӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Нуриддин Муҳиддин иброз намуд, ки «дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир истифодаи зеҳни сунъӣ, низомҳои иттилоотии тиббӣ ва усулҳои рақамии ташхису табобат ба яке аз самтҳои афзалиятноки пешрафти соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, тақвияти таҳқиқоти илмӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ҷорӣ намудани дастовардҳои инноватсионӣ дар амалияи клиникӣ аҳаммияти махсус дорад».

Иштирокдорон доир ба масъалаҳои ташхис ва табобати бемориҳои гуногун, ҷанбаҳои муосири пайвандсозии ҳуҷайраҳои хунсоз, таърихи ташаккул ва дастовардҳои муосири флебология мубодилаи афкор намуданд

Конференсия барои муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, мубодилаи таҷрибаи мутахассисон ва баррасии роҳҳои татбиқи технологияҳои пешрафта дар илми тиб заминаи мусоид фароҳам овард. Тибқи барномаи конференсия дар 10 бахши тахассусӣ доир шуда, масъалаҳои гуногуни тибби назариявӣ ва амалӣ мавриди омӯзишу муҳокима қарор дода шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"