Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарнисори деҳоти Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии Алянс мебелро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави саноатӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Шамсулло Саъдуллозода дар ҳудуди минтақаи саноатии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хушрӯз дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи майи соли 2026 оғоз ёфта буд.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар корхона ду хатти муосири истеҳсолӣ бо таҷҳизоти пешрафта насб гардидааст. Дар корхона намудҳои гуногуни мебел барои хонаҳои истиқоматӣ, ошхона, муассисаҳои таълимӣ ва коргоҳу корхонаҳо, инчунин, дарҳои чӯбин истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи истеҳсоли дарҳои чӯбин дар ин корхона то 60 ҳазор донаро ташкил медиҳад. Қисми назарраси равандҳои истеҳсолӣ бо истифода аз дастгоҳҳои муосир анҷом дода мешавад, ки ин омил барои баланд бардоштани сифати маҳсулот, афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ мусоидат менамояд.
Яке аз ҳадафҳои муҳими таъсиси корхона фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Ҳоло дар ин ҷо беш аз 100 сокини маҳалӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Барои кормандон, ҳамчунин, хобгоҳ бо 60 кат ва ошхона барои 80 кас пешбинӣ шудааст.
Масъулини корхона нақша доранд, ки дар оянда дар шаҳру ноҳияҳои кишвар нуқтаҳои савдои худро таъсис дода, доираи пешниҳоди маҳсулотро васеъ намоянд. Ин тадбир барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, зиёд намудани ҷойҳои корӣ ва дастрасии бештари аҳолӣ ба маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ замина фароҳам меорад.
Ба истифода додани корхонаи Алянс мебел қадами дигар дар самти рушди саноати миллӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар ва татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бунёди чунин иншооти истеҳсолӣ бозгӯи саҳми соҳибкорони ватанӣ дар пешрафти иқтисоди кишвар ва ободонии Ватани маҳбубамон аст.