Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 02.10.2026  /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар  маркази ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи даъватшаванда маросими бошукуҳи гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз

ДУШАНБЕ, 02.10.2026  /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар  маркази ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи даъватшаванда маросими бошукуҳи гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон хабар доданд, нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи якум пурра иҷро гардид.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мактаби воқеии мардонагӣ, ҷасорат ва садоқат ба Ватан маҳсуб шуда, ҳар ҷавон бояд шукронаи давлати озоду мустақилро намояд ва бо ифтихору эҳсоси масъулияти бузург хизмати Модар-Ватанро ба ҷо орад.

Таъкид гардид, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозанд, ки ҳамеша барои ҳифзи марзу буми давлат, таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ омода бошем.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии имсола шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб  мегарданд. Даъвати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар 1 сол ду маротиба: аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр анҷом дода мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон

Источник: АМИТ "Ховар"