ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, чоршанбе, 273-юмин рӯзи соли 2026 аст

АМИТ "Ховар" ·

30 сентябри соли 2004 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи танзими ҷараёни таҳия ва интишори иттилооти расмӣ Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» вазифадор гардид, ки ба Ҳукумати

30 сентябри соли 2004 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи танзими ҷараёни таҳия ва интишори иттилооти расмӣ Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» вазифадор гардид, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси бунгоҳҳои хабарнигории худ дар кишварҳои хориҷӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.

***

30 сентябри соли 2012 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Ҷоми Президенти Конфедератсияи футболи Осиё – 2012 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Аммарӣ»-и Фаластин баргузор гардид. Бозӣ бо иштирок ва дастгирии беш аз 19 ҳазор мухлисони футбол ҷараён гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон анҷом ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди «Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором» суханронӣ намуданд.

***

30 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Бинисумчи деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод аз боғи хоҷагии деҳқонии “Солеҳҷон” дидан намуданд.

***

30 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод дар деҳаи Хами Савраи деҳоти Ҷавонон аз қитъаи замини помидор дар хоҷагии деҳқонии Чаноро дидан намуданд.

***

30 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави Маркази саломатии деҳаи Сафедхоки ноҳияро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

***

30 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави Маркази ташхису табобатро мавриди истифода қарор доданд.

***

30 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои шуъбаи маорифи ноҳияро, ки ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

30 СЕНТЯБР:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

***

Рӯзи байналмилалии тарҷумонҳо.

***

Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти адлия.

***

Дар Ҷумҳурии Абхазия – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Туркманистон — Рӯзи кормандони амнияти миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 1890 дар Олмон қонунҳои зиддисотсиалистӣ бекор карда шуданд.

***

30 сентябри соли 1901 дар Фаронса бақайдгирии ҳатмии мошинҳое, ки суръаташон аз 36 км/соат баланд аст,  амалӣ карда шуд.

***

30 сентябри соли 1902 абрешими сунъӣ соҳиби патент гардид.

***

30 сентябри соли 2010 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои генералии шаҳри Хуҷанд ва шаҳраки Сомониён — маркази ноҳияи Рӯдакиро тасдиқ кард.

***

30 сентябри соли 2016 лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид.

***

29 сентябри соли 2025 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1929 бахши англисии «Би-би-си» аввалин маротиба ба пахши барномаҳои телевизионӣ шуруъ кард.

***

Соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари заминларза ва сунами дар шаҳри Палуи Ҷумҳурии Индонезия ва ноҳияҳои атрофи он ба Президенти ин мамлакат Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Борис Кимёгаров — 1920 – коргардони кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

***

Баҳоваддин Зуҳуриддинов — 1946 – меъмор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Источник: АМИТ "Ховар"