Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябр) дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами рушди давлатдории миллии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳон» конфронси илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд.

Зимни конфронс иштирокчиён оид ба масъалаҳои таҳкими арзишҳои конститутсионӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди худшиносии шаҳрвандон ва мутобиқсозии сиёсати давлатӣ ба воқеияти тағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки Конститутсия на танҳо заминаҳои ҳуқуқии ташкили низоми давлатдорӣ ва фаъолияти ниҳодҳои давлатиро муайян менамояд, балки арзишҳои бунёдии ҷомеа, принсипҳои муносибатҳои давлат ва шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин самтҳои асосии рушди минбаъдаи давлатро муқаррар мекунад.

«Таҷрибаи таърихии давлатҳои ҷаҳон собит месозад, ки Истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули низоми устувори конститутсионӣ аз омилҳои муҳими рушди давлат ва таъмини суботи ҷомеа маҳсуб мешаванд. Дар ин замина Конститутсия ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ на танҳо ҳуқуқу озодиҳои инсонро эътироф ва кафолат медиҳад, балки барои ташаккули низоми муназзами идоракунии давлатӣ, таъмини волоияти қонун, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат заминаи устувор фароҳам меорад»,–афзуд Хайриддин Усмонзода.

Баргузории конфронси илмию амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами рушди давлатдории миллии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳон» барои баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои мубрами давлатдорӣ, табодули афкори илмӣ ва таҳияи пешниҳодҳои судманд ба манзури таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Таъкид гардид, ки таҷлили 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ буда, нақши таърихии ин санади олии ҳуқуқиро дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори кишвар бозгӯйӣ менамояд.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"