Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи хосса ба рушди ҳамкории соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстона, таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, густариши робитаҳои байниидоравӣ ва рушди минбаъдаи механизми машваратҳои сиёсӣ зоҳир гардид.

Ҳамчунин оид ба масъалаҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор доир шуд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Малайзия изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"